Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

КОМ мустақар буд, дарёфтам. Ғалогулии тӯдаи зиёди одамон маро ба ҳайрат гузошт, гумон кардам, ки ин ҷо онҳо барои маҷлис ҷамъ омада бошанд.

Вориди меҳмонхонаи "Вахш" шудам. Ин ҷо боз як каромати Худо дубора такрор шуд. Дидам, ки дар паҳлӯи дари даромадгоҳ одамони сару либоси ранги ҳавой доштаи ҳарбӣ ришҳошон баланд буду, дар як даст автомату дар дасти дигар тасбеҳ рост истода буданд. Ин ҷо низ соддагиамро қоил шудам, ки ҳатто аз касе иҷозаи вурудро напурсида, бефарқ рост ба ошёнаи дуюм баромада ба дасти рост тоб хӯрдам. Долони хеле дароз, дар ҳар як дари ҳуҷраҳо ҳарбиёни сару либоси низомипӯши ришдори автоматбадаст меистоданд. Худованд шоҳид, ки аз ин автоматбадастони зиёд, ягон хел тарс, ҳаяҷон ва ё андешаи ғаразнок маро фаро нагирифт, хотирҷамъона оҳиста қадам ба пеш мемондаму чашм аз навиштаҷоти болои дари ҳуҷраҳои корӣ намекандам. Чун ба даре расидам, ки "Муовини аввали раиси КОМ А.Достиев" навишта шуда буду посбон надошт. Бе ихтиёр аввал туқ-туқ дарро задаму дарро тела кардам, вале дар кушода нашуд, дар маҳкам буд. Ба дари дигар чун наздик шуда чашм духтам, "Раиси КОМ Саид Абдуллоҳи Нурӣ" навишта шудааст. Хостам даст бараму ангушт ба дар занам:

  • Мумкин нест, истед, Шоҳнаим, ҳо Шоҳнаим, - гуфтани яке аз афсарон маро ҳушёр кард. Дидам, ки ӯ танҳо набуд, ду нафар посбонҳои ин дар будаанд. Ҷавонон қоматбаланд, паҳлавонҷусса, ҷиддисимо, ришашон агарчанде дароз буд, ба худашон зебанда буд.

Шоҳнаим як марди миёнақади лоғар, чашму абрӯвон ва мӯйлабчааш сиёҳ буда, нигоҳаш хеле мулоим ва меҳрубонона будааст. Тарҳи рӯи шабеҳ ба мардуми дарвозиҳо дошт. Ӯ "лаббай" гӯён аз кунҷи долон ҳозир шуд. Посбоне, ки назди дар меистод, хомӯшона ба Шоҳнаим маро бо ишора нишон дод. Шоҳнаим бо эҳтиром:

-Шумо назди устод...?- Ӯ дасташро ба дари қабулгоҳи С.А. Нурӣ ишора намуду нигоҳашро аз ман наканда пурсид. -Аз

пешина
аз 385
навбатӣ