Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
сӯи Муҳаммадхон гардонида, - медонед Раҳимов, ин қасрро фариштагон ин ҷо овардаанд, фариштагон роҳбаладӣ кардаанд. Фариштагон чашми полисҳоро кӯр кардаанд, - дар курсиашон андак тоб хӯрда, дасташонро ба сӯи ман ишора карданду, - охир як зани муштипар барои наҷот додани як олими ҷавони ислом аз худи Исфара хеста омадааст, пас чаро Худованд меҳрубонӣ накунад? Чаро ҳофизи ин гуна инсон набошад? Ин қудрати илоҳиро бинед, пас барои чӣ хизмати исломро накунем, ки он дархости Худованд аст, - андешамандона суханашонро давом доданд.
Муҳаммадхон низ бо ишора сарашро ҷунбонида, "албатта-албатта"-гӯён ҳарфҳои Тӯраҷонзодаро тасдиқ кард.
- Шумо ба падари Шаҳобиддинхон салом гӯед, аз номи мо расонед, ки ҳаргиз ғам нахӯранд, ба ин имтиҳони Худованд ҳам Шаҳобиддинхон пурсабр бошанду ҳам падару пайвандонашон, умри дурӯғу тӯҳмат кӯтоҳ аст, - ба насиҳати падарона пардохтанд ҳазрат.
Ниҳоят дар анҷоми сӯҳбат домулло ваъда карданд, ки мактубро ба нуқтаи зарурӣ барои баррасӣ ва ҳаллу фасл мерасонанд ва дар охир бо дуои хайри он кас бо ҳамроҳии Муҳаммадхон берун аз қаср шудем.
Худи ҳамон рӯз баъди ба қиём омадани офтоб роҳи
Кумиссияи оштии миллиро пеш гирифтам. Қаблан медонистам,
ки КОМ дар меҳмонхонаи «Вахш» ҷойгир аст, аз ин рӯ ба самти
меҳмонхона равон гаштам. Қалбам аз мулоқоти имрӯза бо
ҳазрати Тӯраҷонзода дар тантана буд, инчунин хурсанд аз он
будам, ки як нусха мактуби амонатиро ба нуқтаи зарурӣ
расонидам, бо як кайфият роҳравон лаҳзаҳои ба он қасри
Дастгоҳи президент даромаданро бори дигар аз пеши назарам
гузаронидам. Посбонҳои дарбоза, милисаҳои дохили бино, аз
тарс маро дар утоқи кориаш пинҳон кардани Муҳаммадхон,
суханони ҳакимонаи Тӯраҷонзода ва дигар такаллуфоти субҳи
имрӯз маро ба худ кашид, ки чӣ гуна аз хиёбонҳо
гузаштанамро нафаҳмида мондам. Гарқи чунин андешаҳо
худро тасодуф дар дами даромадгоҳи меҳмонхона, ҷое, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо