Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ман аз ҳарфҳои Муҳаммадхон пай бурда будам, ки даромадан ба ин ҷо бе иҷозат мумкин нест, аз ин рӯ, аз ҳиҷолат сурх шудаму сарҳамона ба нақл даромадам:
-
Қаблан медонистам, ки ҷои кории Президент дар ин бино аст, аммо ягон бор надаромада будам. Вақте аз дарвоза «Волга»-и ГАЗ-31-и сиёҳ даромад, аз пасаш ман ҳам бепурсишу беибо ва бехабар даромадам, касе ба ман таваҷҷӯҳ накард, эътибор надод, ман ҳам хомӯшона даромадам, ана ин буд мухтасар нақли чӣ гуна даромадани ман.
-
Дар дохил ҳам, касе аз милисаҳо аз шумо ҳуҷҷат напурсид? - бо таҳайюр суол карданд Тӯраҷонзода.
-
Не охир, дидам, ки милисаҳо зиёд буданд, аммо эътибор надоданд, ман гумон кардам, ки ҳама шаҳрвандон ҳар вақте, ки хоҳанд рост даромада рафтан мегиранд, барои ин хомӯшона боло баромадам. Вале намедонистам, ки ба куҷо меравам, мерафтаму мерафтам. Хайрият Муҳаммадхонро вохӯрдам, раҳмат ба ин кас, ки ин ҷо оварданд. Аз гуноҳи ман гузаред домуллоҷон, ман аз надонистан тартиботи даромадани коргоҳи дохилии шумоёнро вайрон кардам. Фақат як хоҳишам ҳаст, ҳамин мактуб-дархости халқи Исфараро ба Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон расонидан зарур аст. Рости гап, ин мактуб ба Шумо ҳам домуллои азиз дахл дорад, - гӯён мухтасар бо тариқи тӯҳмат ба ҳабс фаромадани домулло Шаҳобиддинхонро арз кардам.
-
Шумо аз ноҳияи Исфара, аз деҳаи домулло Абдусамеъ-Кулканд ё ҳамдеҳаи домулло Сафиюллохони Чоркӯҳӣ? - пурсон шуданд бо табассум домулло.
-
Аз маркази шаҳр ҳастам, духтари домулло Ибни Ямин, тағоям мулло Маҷидхон Махсум Ғаниев аз деҳаи Чоркӯҳ мешаванд, ки пас аз инқилоб дар ноҳияи Кофарниҳон маорифро таъсис додаанд, ба кор омада, дар деҳаи Калони 50-солагӣ (Тангай), оила барпо карда мондаанд, - бо ин ҳарфҳо андак худамро шиносонидам.
-Бисёр хуб, - хотирҷамъ бошед, шумо ягон гуноҳ накардаед, ягон қонунро вайрон ҳам накардаед, - баъди ин рӯяшонро ба

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо