Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

мабодо занги телефон шавад, гӯширо ҳам набардоред, коре кунед, ки дар кабинети ман шумо гӯё нестед, - таъкидкунон Муҳаммадхон берун шуду дарро аз берун қулф кард.

Ман бошам монандӣ ҳайкал шах шуда мондам, пас аз андак нафаси сабук кашидам, зеро аз ҳаракати Муҳаммадхон ман бо дигар мазмун тарсида будам. Пас аз 10-15 дақиқа калиди дар тоб хӯрду Муҳаммадхон вориди утоқ гашт, ҳамоно ваҷоҳаташ чун пештара хавотирӣ бармало буд хеле гӯё аз ягон чиз тарсида бошад рангпарида ба назар мерасид. Дарро нағзакак пӯшиду ба курсии паҳлӯям нишаста, оҳиста пичирросзанон гуфт:

  • Гӯш кунед, ҳоҷиоя Муноҷотхонпошшо, ҳозир якҷоя ба назди ҳазрати Тӯраҷонзода медароем, касе пурсад, гӯед, ки аз дарвоза бо ҳамроҳии яке аз ёварони Домулло даромадаед, боз зиёд гап назанед, фаҳмидед, - таъкид кард Муҳаммадхон, - касе напурсад сархам роҳ гаштан гиред ва аз қафои ман биёед, домулло ҷонишини сарвазиранд, танҳо он кас ба Ҷаноби Олӣ ин мактуби шуморо расонида метавонанд, - тез-тез сухан гуфту ба ман таъкид ба таъкид қоидаву тартиботи ҷиддии ин даргоҳро фаҳмонид.

Тибқи маслиҳати Муҳаммадхон ман амал кардам. Ӯ пешопеш, ман бошам сархам оҳиста ба ошёнаи чорум баромадем. Дар қабулгоҳ ду-се нафар меистоданд. Бе ягон пурсиш Муҳаммадхон дари утоқи кории Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзодаро кушода даромаду ман ҳам аз қафояш даромадам.

Домулло бо як хоксорӣ ба истиқболи мо аз ҷояшон хестанд ва "марҳамат биёед" - гӯён ду-се қадам пеш гузоштанд. Ман ҳам вақтро ғанимат дониста, бо ҷуръат ба он кас наздик шудам ва бо эҳтиром китфи росташонро бо қафони дастонам зиёрат карда, салом дода ҳолпурсӣ кардам. Ҳазрат бо эҳтиром ва бо табассуми зебо гарму ҷӯшон маро низ ҳолпурсӣ намуданду ба нишастан даъват карда гуфтанд:

  • Хоҳарам, мехоҳам зудтар дар бораи чӣ тавр ба ин ҷо расиданатонро як-ба-як нақл мекардед.
пешина
аз 385
навбатӣ