Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

дохили бинои дастгоҳ бипурсам, вале вақте ки бе ягон фикру андеша ба дуюм ошёна баромадаму ҳаракати ба саввум ошёна доштам, тасодуф дидам, ки аз ошёнаи саввум дӯсти деринаам, ҳамшаҳриам Муҳаммадхон Раҳимов фаромада истодааст. Аз дидани дидори якдигар ҳарду хеле шод шудем, ҳолпурсӣ кардем, баъд Муҳаммадхон пурсон шуд, ки ба куҷо меравам. Дар посух китф дар ҳам кашида гуфтам:

-Рости гап Муҳаммадхон худам намедонам, ки назди кӣ равам, кӣ ин муроҷиатномаи халқи Исфараро ба Президент расонад. Ё имконият бошад, худам дарорам, -гуфта бо соддагиву самимият мактубро аз сумкаам берун кардам.

-Охир, шуморо ба ин ҷо кӣ даъват карду кӣ даровард?- бо ҳаяҷон ва нигоҳи пур аз ташвиш пурсид Муҳаммадхон.

-Ҳеҷ кас, худам даромадам,-дарҳол ба саволаш посух додам.

Дар ин лаҳза барӯало ҳис кардам, ки чеҳраи кушоди Муҳаммадхон якбора ҷиддӣ гашт, ранги рӯяшон тағйир ёфт ва аз дастам кашолакунон маро аз ошёнаи саввум фаровард ва бо шиддат ҷониби долони дасти рост бурд ва ба утоқи кориаш даровард. Аз ин муносибати Муҳаммадхон ҳайрон шудам ва хеле тарсидам. Бо ранҷидагӣ гуфтам:

-Нафаҳмидам шуморо Муҳаммадхон, чӣ магар девона шудед?

-Ором, ором шавед,-ӯ маро ором кардани шуду аз чеҳраи худаш хеле нороҳат буданаш маълум гардид,-шумо гӯед, ки чӣ хел инҷо даромадед? Ҳозир агар ягон кас фаҳмад, ки шумо ба ин даргоҳ худсарона даромадед, кор расво, тревога мешавад, мефаҳмед ин кори шӯхӣ нест. Мебахшед, шумо духтари домулло-ку, ё ягон дуои чашмбандиро хонда даромадед магар? -бо як воҳимаи том сухан гуфт Муҳаммадхон.

-Охир ман надонам қоидаи ин ҷоро, ба Худо ман дуои чашмбандиро намедонам,-бо овози ларзон тарзи даромаданамро нақл кардам.

-Хуб, фаҳмо, ман ҳозир ба назди ҳазрати Тӯраҷонзода мебароям, шумо хаппакак, бе ягон овоз ин ҷо шишта истед,

пешина
аз 385
навбатӣ