Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Пирамард бо ҷигари сӯхтаву қалби гирён ба худ баҳраҳо бардоштам.

Ман ашки модаронро зиёд дида будам, аммо ашки пирамард басо риққатбарангезу пурдард будааст. Эшони Қаландархон пайваста аз мо тақозо мекарданд, ки барои озодии писарашон чораҳо андешем. Дар ин миён шабе хоб дидам, ки раҳматии модари домулло Шаҳобиддинхон (қаблан дар давраҳои ҷавониам - солҳои 1969-1970, ки карахтии шӯравӣ ҳукмрон буд, дарсҳои Чаҳор китобу Мавлуд ва Ҳофизро дар ҳузури модари Шаҳобиддинхон омӯхтаам) аз ман имдод мепурсиданд, ки барои раҳо кардани фарзандашон аз чоҳ дасти кӯмак дароз намоям. Ошуфта аз хоб хестам, қаблан бисёр вақтҳо дар таҷрибаам дида будам, ки хобҳои ман пучу ҳавоӣ нестанд. Тасмим гирифтам, ки муроҷиатномаи чандинҳазорнафараи сокинони шаҳри Исфараро ба Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Комиссияи Оштии Миллӣ устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ бирасонам.

Чун омодаи сафар гаштам, қалбам пур аз нур ва вуҷуди заифам тавоноиро эҳсос кард. Аҷабам меояд ба он ҳолатам, зеро як қувваи пешбарандае маро бе ягон тарсу ҳарос ва хастагӣ пеш бурд.

Соат тахминан 10-и субҳ буд. Бо дилпурӣ аз ҳавои тирамоҳи заррини пойтахт нафаскашон сӯи бинои Дастгоҳи Президент рафтам. Ҳаво хеле фораму дилкаш ба назар мерасид. Шаҳр ором буд, вале дар ҳар қадам низомиҳои сару либоси ранги саҳрой ба бар карда дар даст автоматҳо рост истода, ба хотири оромӣ вазифаи хизматиро ба ҷо меоварданд. Чун ба дарвозаи ду табақаи панҷарадори оҳанин наздик шудам, дидам, ки дарвозаро ду сарбоз во кард ва сабукрави тамғаи «Волга»-и сиёҳранги ГАЗ-31 вориди Дастгоҳ гашт, ки ман ҳам бо шитоб аз паси он мошин вориди ҳавлии Дастгоҳи Президент гаштам. Аҷиб ин буд, ки гарчанде посбонҳои ин даргоҳ хеле зиёд буданд, маро чизе нагуфтанд, ман ҳам бе ҳеҷ фикру хаёл озод дохили бино гаштам. Ростӣ худам намедонистам, ки ба куҷо меравам, ақлам намерасид, ки аз милисаҳо ва посбонҳои

пешина
аз 385
навбатӣ