Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

сангинӣ ва озурдагӣ ин байтҳои Шайх Фаридуддини Атторро замзама мекардам, ки дилам оромишро дар худ эҳсос менамуд:

Маро умрест то дар банди онам.
Ки то бо ҳамдаме рамзе биронам.
Намебинам яке ҳамдам мувофиқ.
Фигон з-ин ҳамнишинони мунофиқ.

...Моҳи ноябри соли 1998. Ин солҳо ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои таърихист, соле аст, ки пас аз ҷанги дохилӣ, ҷанги бародаркушӣ ҳар ду ҷониб - ҳукумат ва мухолифин бо инояти Худованд даст ба даст дода, оғӯш ба оғӯш кушода, сари мизи музокирот нишастанд ва бо муҳаббат садои дили ҳамдигарро гӯш карданд. Авфи ҷонибайн ба миён омад, зиндониҳо, ки аксарашон бегуноҳ паси панҷараҳои маҳбасхонаҳо буданд, озод гардиданд. Бо вуҷуди ин ҳанӯз афроди бегуноҳе низ буданд, ки аз мадди назари ҳар ду ҷониб дур монда, дар ҳабсхонаҳо маҳкум буданд.

Аз ҷумла, яке аз пайвандони мо домулло Шаҳобиддинхон аз марзи Исфара бо тӯҳмат паси панҷара буданд. Азбаски хешу табории хунӣ доштем, падари пири он кас Эшони Қаландархон, ки инсони фозилу ботақво ҳастанд, аз чунин пешомад хеле ошуфтаву ранҷур буданд, ки дили мо - хешовандонро ба риққат меовард. Ҳолати тобнооваре буд, ҳар нафаре ҳамнираст ва ҳамсӯҳбати ин пирамарди ҳиҷронкашида мешуд, қалбаш ба ғуссахона табдил меёфт, зеро қабл аз ин ибтидои соли 1992 яке аз фарзандони фарзонаи хонадони Эшони Қаландархон ҷавони 25-сола бе ному нишон аз байн рафта буд. Номи он ҷигарбанди гумшуда Абдулаҳадхон буда, ба хотири эҳтиром Эшонхон ном мебурданду хеле ҷавони фасеҳ, муҷаррад ва зебою босаводе буд. Аз синни тифлӣ аллакай ҳофизи Қуръон буд. Ба болои ин, ба таври тӯҳмат ба ҳабс гирифта шудани домулло Шаҳобиддинхон азияти ин пири хирад боз дучанд кард. Ҳеҷ касро тобу тавони шунидани оҳи пурдарди Эшони Қаландархон набуд. Аз ин рӯ, ман низ борҳо аз сӯҳбати ин

пешина
аз 385
навбатӣ