Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Азбаски соати 2:00-и шаб дар қатора нишастем, маро аз сабаби хаставу лакот шуданам, ғанабам бурд. Дар ин ғанаби кӯтоҳмуддат хоби парешоне дидам.
Дар хоб дидам, ки дар ресторане аъзоёни ҳукумат, ба хусус кормандони ҷинси зан чӣ гуна як ҷамъомаде доштаанд. Ман низ қатори дигарон дар он ҷамъомад будам. Дидам, ки раиси шаҳр Абдуҳаким Ҳалимов, ҳамсари Ҳалимов, Гулафзо Савриддинова, Мӯҳқарама Абдуллоева, Музамбила Воситова, Меҳрӣ Алиматова ва бисёре аз ҷамъи занони ҳукумати шаҳр дар садр нишаста буданду аммо дар қиёси онҳо ҷои ман дар қатори кӯдакон дар муқобили онҳо дар поёнтар будааст. Ҳатто курсие, ки ман нишаста будам, курсичаҳои кӯдакона буду дар атрофам тифлакон парвона менишастанд. Боз чун пештар дар рӯъёям тифлҳоро мебинам. Аҷабо! Садои мусиқии гӯшхарош ба гӯшам мерасиду ба табъам намефорид. Аммо ба гӯши занҳои аъзоёни ҳукумат чунон мефорид, ки онҳо кафкӯбиву пофишонӣ ва қоҳ-қоҳ хандидану соғари шароббардорӣ доштанд.
Яке аз чашми ҳозирин маро диду ба саҳнаи рақси дарҳаму барҳам кашид. Аммо бо исрор рад кардам, ки ман дигар рақс намекунам. Ҳамоно аз таги дастонам ду-се нафара гирифта иҷборан ба саҳна мекашиданд, ки маро ба ҷои нишот баръакс гулӯямро чизе буғӣ мекард. Худамро ҳарчанд қафо мекашидам, аммо зӯрам ба он ду зане, ки маро ба рақс водор мекарданд, нарасид. Ахиран, яке аз онҳо гуфт, ки ақалан рақс кардан нахоҳам ҳам, ба хотири Ҳалимов ва Савриддинова рақс кунам. Бо он ҳама ман рад мекардаму худро қафо мекашидам. Дидам, ки занҳои дар садр буда қоҳ-қоҳ механдиданду ба ҳолам аз дур ишоракунон байни худ чизе мегуфтанд. Ҳамоно садои мусиқӣ гӯшхарош буду ягон ҷои дилнавозӣ надошт. Яке аз ин занҳо ба ҳофиз хитоб кард, ки оҳанги "Муноҷот"-ро навозад. Ҳофиз ҳам бо итоат сар ҷунбониду навои "Муноҷот" садо дод. Аммо чунон суруд аз пештара бештар фачу гӯшхарош буд, ки наметавонистам, ки зери зарбу оҳанг даст ба рақс биҷунбонам. Ин замон марҳум падарамро дидам, ки

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо