Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

шумо барин инсонҳои хубанд, аммо шумо зиқ нашавед, коратонро бо ҳамин минвол пеш бурдан гиред, -гуфтани Самеъҷон маро тасалло дод.

Меҳмононро гусел кардаму дилам алав гирифт. Кадом хоини миллат аст он? Кист он нотавонбине, ки ҳамаҷониба намехоҳад ояндаи миллат рушд ёбад? Медонистам, ки киёнанд муаллифони он шикоятномаҳои беимзо, ҳаволашонро ба Худо супоридам. Ин гуна афрод гумон мекунанд, ки дар кумитаи амнияти миллӣ ғӯлу ҳангомаҷӯҳо нишастаанд, ки ба ҳар хел шикоятномаҳои сар то по бӯҳтону тӯҳмату дурӯгу дағову лофу газоф бовар карда, маро ба ҳабс мегиранд. Аммо шукрона, ки мақомоти бонуфузи кумитаи амнияти миллӣ ҷоест, ки аксарияти эшон инсонҳои бофарҳангу зиёиянд. Аз пайи ҳангомаҳои беасос намешаванд...

...Охирҳои моҳи август ва ибтидои моҳи сентябри соли 1998. Тирамоҳи заррин навакак аз оғӯши тобистон раҳида бо инояти Худованд меваҳои гуногуни худро ба дастурхони мардум пешкаш кардаву баргҳои дарахтон тиллоранг ба чашм мерасид. Ёлаҳои кӯҳу дара, ки пур аз дарахт аст, ба вижа аз ҷониби Зумрад ду тарафи дарё то ба доманаҳои дарахтори кӯҳҳо аз дур манзараи афсонавиеро ба хотир меовард, ки ин гуна манзараҳо гӯё танҳо дар нақлу ривоятҳо буд. Аммо Исфарамарз макони ба чор фасл хеле зебову арӯсмонанде аст, ки инак дар тирамоҳ низ шаҳомату зебоии махсусе дошт. Бӯи сабзавоту мева ҳавои атрогини паҳнои Исфараро боз ҳам наҳқати дигар бахшида, ба машоми кас хеле хушу гуворо мерасид. Аз манзараҳои тасвиркардаи қаламкашони Аврупо, ки ҳеҷ гоҳ манзараи воқеии табиатро надида буданд, табиати Исфара даҳчанд зеботару дилкаштар аст.

Ба идораи маорифи ноҳия табел ва ҳуҷҷатҳои ҳисоботиро бурдам. Дар роҳрави ошёнаи саввум методисти маориф Сабо Ҳусейноваро дидам, ки тааҷҷубовар бо ман салом кард. Аз чӣ бошад, ки ӯ имрӯз ба назарам аҷибтару дигаргунтар менамуд. Бараъло ҳис кардам, ки чашмонашро аз ман мегурезонад. Ҳатто вақте дид, ки ман ба ӯ аҳамият надодаам, чоплусона бо

пешина
аз 385
навбатӣ