Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

нишастан ва одобу қоидаи хоб кардан мунъакис буд, ки ин ду намоянда ҳар як навиштаро бо нигоҳҳои ҷиддӣ хонданд.

Самеъҷон, ки хатмкардаи шӯъбаи забони арабии факултаи шарқшиносӣ буд, маънии ин навиштаҳоро хонду ба мо тарҷума кард. Аз ин рӯ баъзе дуоҳое, ки бо забони арабӣ навишта шуда буд, хонда сарашро бо ишораи тасдиқ ҷунбонид. Фақат ба ҳамин як нуқта эрод гирифтанд, ки хуб мешуд агар ин навиштаҳоро ба забони форсӣ тарҷума кунам ва баъдан ба деворҳо часпонам. Аслан ин эроди онҳо хуб ва ҷолиби диққат буд. Зеро навиштаҳои бо хатти форсиву забони арабӣ на ба ҳама маълум буд. Ман ин маслиҳати ононро бо ҷону дил пазируфтам, зеро ба худи ман низ ин машварат мақбул афтод.

Баъди аз назар гузаронидани рафти тарбияи хӯрокхӯрӣ, ҷои бозӣ ва ғайра дубора ба дафтари кории ман ворид шудем. Ман бе ягон муқаддимаву илова аз рӯи мизам ба ҳузурашон оинномаи тарбияи кӯдакон дар боғчаро пешкаш кардам, то шинос шаванд. Тибқи он оинномаи миллӣ дар кӯдакистон таълиму тарбия ба роҳ монда шуда буд. Ҳар ду хомӯш оинномаро аз назар гузарониданд ва тамоми ҳуҷҷатҳое, ки дархост карданд, пешниҳод кардам. Баъди шиносоии куллӣ бо кори кӯдакистон ва ҳуҷҷатгузорӣ, дар чеҳраи онҳо аломати мармузеро пай бурдам, ки аз иғвоҳои туҳматомез сахт нороҳат шудаанд.

  • Муаллима, коратонро ҳамин гунае, ки ҳаст, идома додан гиред. Касе ба шумо кордор намешавад. Аммо як идда кӯрдилон ҳастанд, ки бо сияҳномаашон ин қадар кори савобу хубу миллиро мехоҳанд бо дастони мо пешгирӣ намоянд, - яке аз онҳо самимона изҳор дошт.

Ҳамзамон аз мактуби шикоятии беимзо бо ҳарорат сухан гуфту ба муаллифони номаълуми он нафрат хонд.

Баъди сӯҳбати тӯлонии дигар ба коргузории ман изҳори ташаккур карданду аз кӯдакистон бо маънии узрхоҳӣ берун шуданд.

-Муаллима, мо узр мепурсем, ки вақти қимати шуморо гирифтем, ин бадкорон ҳамеша дар пайи табоҳ кардани аъмоли

пешина
аз 385
навбатӣ