Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
гӯшнофорам ва сар то по дурӯғу бӯҳтони маҳз буд. Гарчанд хеле асабӣ шудам, худро ба даст гирифтам. Ман ба кормандони амнияти миллӣ худро сафед кардаӣ нашудам. Аз ҳар дуи онҳо даъват ба амал овардам, ки аз ҳар гурӯҳе, ки хоҳанд диданро сар кунем ва худ бо чашмони худ бинанд, ки онҳо чӣ гуна тарбия мегиранду дар куҷо мехобанд.
Онҳо худ як гурӯҳеро интихоб карданд, ки тасодуф гурӯҳи аз 4-5 сола боло буд. Вақте мо вориди синфхонаи гурӯҳ шудем, баробар аз ҷой боло шуда бо такриму эҳтиром салом додани кӯдакон диққати онҳоро ба худ кашид. Аз кормандони амният бо ишора хоҳиш кардам, ки ҳар суоле дошта бошанд, ба кӯдакон бидиҳанд.
Онҳо аз одоби салом сар карда, то ба одоби хӯрдану хоб кардан пурсиданд, ки посухи кӯдакон на фақат маро хушнуд кард, балки намояндагони амниятро низ қоил сохт. Зеро тарбиятгирандагон бо лаҳни фасеҳи форсии тоҷикӣ ҳарф зада, он вожаҳое, ки ба онҳо омӯзонида будем, дар рафти гуфторашон моҳирона истифода мебурданд. Вақте кормандони амният истилоҳҳои "сипосгузорам", "лутфи шумо зиёд аст", "муташаккирам", "марҳамат, қадами шумо нек аст" ва дигарҳоро шуниданд, ҳайрон монданд. Аз барқи чашмонашон маълум гардид, ки ин гуна равияи тарбиятро онҳо бори аввал дида истодаанд.
Одоби сухангӯии кӯдакон фикри кормандони амниятро куллан дигар кард. Пайхас кардам, ки онҳо ба якдигар нигоҳ карда, хуб будани тарбияи мо ва тӯҳмат будани номаи шикоятии ба унвонашон расидаро бо ҳам беҳгӯшӣ баррасӣ мекарданд.
Вақте онҳо ба бачаҳо хитоб карданд, ки ҷои хобатон куҷост, кӯдакон бо як чобукӣ ба рӯйи ҷойкатҳое, ки зебо оро дода шуда буд, бо хушнудӣ нишастанду ҷояшонро нишон доданд. Аз он гурӯҳ берун шудему нигоҳи онҳоро аксу ороишот ва навиштаҷоте, ки дар долон буд, ба худ кашид. Дар онҳо одоби муошират бо калонсолому бо эҳтиром салом додану одоби хӯрокхӯрӣ, одоби дасту рӯй шустан, одоби дар сари дастурхон

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо