Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳаяҷон сухан мегуфт. Аз мазмуни ҳарфҳои подарҳавояш фаҳмидам, ки касеро интизор асту якҷоя омодаи ба кадом маъракае мерафтаанд.

Ман аҳамият надодам ва ҳатто напурсидам, ки ба куҷо меравад. Аз ин рӯ, чӣ вақт аз ҳузурам рафтанашро низ нафаҳмида мондам. Пас аз 10-15 дақиқаи ин вохӯрӣ, яке аз коргарони шӯъбаи муҳосибот маро ба телефон ҷеғ зад.

Мудири хоҷагии боғча Маърифатхон бо ҳаяҷону ташвиш ҳарф мегуфт, ки як андоза маро хавотир сохт. Ӯ чунон бо ҳарорат аз он сӯи телефон гап мезад, ки аз оҳанги гуфтаҳояш танҳо мушававвашхотир буданашро дарк кардам. Ӯро ба оромӣ даъват кардам, дархост кардам, ки асабӣ нашуда ҳарф занад. Баъдан дарк кардам, ки ба боғча комиссияи тафтишотӣ аз маорифи ноҳия рафтааст.

Аҷабам гирифт, ки ман худам дар шӯъбаи маориф қарор дорам, чӣ гуна мешудааст, ки боғчаи ман бидуни иштироки ман тафтиш мешудааст. Маърифатхон хабарам дод, ки аз идораи маориф Сабо Ҳусейнова ва як нафари дигар омадаанд. Эшон гӯё ҷанҷол доранд, ки ғайриқонунӣ дар кӯдакистон дарси динӣ гузашта истодаем. Маърифатхон ин маъниро сароҳатан зикр сохт, ки як навъ дар гуфтораш ҳаросро эҳсос кардам.

-Ором шавед Маърифатхон, натарсед, ҳоло ҳеҷ чиз нашудааст, апаи Сарвархонро низ гӯед натарсанд, хоҳу нохоҳ бидуни ман ягон ҳуҷҷат имзо намешавад, ҳар чизе шавад, ман худам ҷавоб мегӯям,-мулоим ба Маърифатхони даҳшатзада гапро фаҳмонамигу гӯширо ба ҷояш гузоштам.

Рости гап аз ин муносибати Ҳусейнова сахт дар ғазаб шудам. Охир ӯ вақте маро дар даромадгоҳи долони идораи маориф дид, бардурӯғ гуфт, ки ба кадом маъракае рафтанистанд. Аммо бармеояд, ки ӯ ба маъракае не, балки ба боғча барои тафтиш рафтааст. Ҳусейнова агар аз рӯи инсонигарӣ мақсадашро мегуфт, мо якҷоя ба боғча мерафтем. Дар ҳузури ман-мудири боғча ин масъаларо муҳокима мекард.

Бо хашм ба ҳузури мудири маориф Ҳ. Тӯхтаев даромадам:

  • Муаллим, худаш чӣ гап? — пас аз салом ба ҷои ҳолпурсӣ
пешина
аз 385
навбатӣ