Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
хеле зиёд буданд. Зеро дар миқёси кишвар паҳнои Исфара низ чун яке аз минтақаҳои орифон ва уламои дини ислом шинохта шуда, қариб оилае нест, ки бо хати саводи ниёгон дар замонҳои шӯравӣ низ хондаву навишта натавонад. Ёд дорам, ки ҳатто дар солҳои режими оҳанини сталинӣ-коммунистӣ низ мардуми ин марз пинҳонӣ намоз мегузориданду Қуръон тиловат мекарданд. Аммо мақсади апаи Сарвархонро интихоб кардани ман ба он хотир буд, ки шавҳараш акои Шарифҷони нонвой барвақт аз олам гузашта буду тарбияву хӯронидану пӯшониданро ба зиммаи апаи Сарвархон вогузошта рафта буд. Сарвархон аз ин рӯ дар оила ҳам падар буду ҳам модар ва як доман кӯдакони навраси ятимро худаш танҳо саробонӣ мекард. Дар ҳеҷ куҷо кор намекард, ризқу рӯзиаш бо қавли худаш Худодод, кам-кам аз осмон ба ӯ мечакид.
Ин зани мӯъминаю муслима ба ҷуз саводнокиаш овози хеле форам дошт, дар қироати Қуръони Маҷид беҳамто буд. Ҳамкорӣ кардани ӯ бо мураббиягони боғчаи мо андак кӯмаке мешуд барои таъмини ризқи хонаводаи вай. Ҳафтае ду маротиба дар соати хоби кӯдакон ба кӯдакистон омада, дар ҳуҷраи кории ман ба мураббиягон на балки дарси форсӣ меомӯзонид, балки дар асоси дастуроти "Нури Одамият" ва дар асоси мероси пирони маърифат оид ба хушгуфторӣ, меҳрубонӣ, раҳму шафқат, парҳезгорӣ, инчунин худшиносию худошиносӣ ба таълим шурӯъ кард. Ин таълимот ба мураббиён хеле маъқул афтода, бо камоли муҳаббат ва шавқу майли том ба дарс иштирок мекарданд. Аз таассуроташон бо самимият байни худ гуфтугӯзор мекарданд. Баъди шунидани маънии каломи Раббонӣ ва одобу русуми исломии ниёгон афсӯс мехӯрданд, ки то имрӯз иҷборан аз ин гавҳари бебаҳо ғофил мондаанд.
Баъди сафари ҳаҷ, ки бо ангезаву бардоштҳои зиёд баргашта будам, тамоми кӯшишу ғайратамро барои пиёда сохтани тарбияи миллӣ дар кӯдакистон харҷ намудам. Тавассути дарсҳои Сарвархон ҳам мураббиягон ва ҳам

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо