Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

тарбиятгирандагон то ҳадде ба фасоҳати сухану одоби миллӣ диққат зоҳир мекардагӣ шуданд, ки рӯз то рӯз дар кӯдакистон фазои хуби муомила ҳукмфармо гардид. Дар долонҳо шиору овезаҳои зебои миллӣ бо ҳуруфи форсиву сириллик ва ҳатто бо забони англисӣ оро ёфтанд, ки бовар дорам диққати ҳар як нафари ташрифоварандаро ба сӯи худ мекашид. Кӯдакон пеш аз таом "Ба номи Худои бахшандаи меҳрубон"-ро ба забон гирифтаву баъди хӯрок бо шукргузорӣ аз даргоҳи Ризқрасон даст ба рӯй кашида омин мегуфтанд. Тарзи хобашон низ бо тарафи рост сурат пазируфта буд, ки моҳияти бо тарафи рост хоб карданро аз ҷиҳати тиб ба онҳо асоснок карда будем, ки дил дар тарафи чап қарор дораду аз ин рӯ бо тарафи рост хобидан ба саломатӣ фоидаи бисёр меоварад. Зеро илми тиб низ ин ҳарфҳоро ҷонибдорӣ менамояд, ки ҳар кас бо тарафи чап бихобад, дили ӯ бемор шавад. Ҳар гаҳе ба тифлакон касе кӯмак намояд ё ягон туҳфае бидиҳад онҳо ҳатман калимаи зебои "сипосгузорам" ё "муташаккирам"-ро ба забон меоварданд, ки аз забони тифлон шунидани ин ҳарфҳои самимӣ басо дилчаспу ширин ба назар мерасид. Кӯдакон аз рӯи одоби ниёгон худ ҷойгаҳу бистарашонро зебо саришта кардандро омӯхтанду ҳар рӯз як-як ҳарфи англисӣ ва як ҳарфи сириллик ва як калимаи маъмулии зебои форсӣ ба онҳо омӯзонида мешуд. Волидони тарбиятгирандагон низ аз чунин сабки зебои тарбия сарфароз буданду қариб ҳар рӯз як ду нафар аз эшон омада, ҷиҳати тарбияи моро мусбат арзёбӣ карда, худ иқрор мешуданд, ки тарбияи фарзандони эшон хеле тағйир хӯрдаасту боодобтар аз пештар шудаанд. Дар худи синфхона шиорҳои пеш аз таом даст шустану фазилати он аз кутуби исломӣ оварда шуда буд. Ба пирсолу калонсолон бо таъзим салом додану ҳурмати падару модарон дар шакли аксҳои ҷолиб деворҳои кӯдакистонро оро медод. Хуллас, дар бобати тарбияи кӯдакони боғчаи №31 ягон шикояте набуд.

Ман аз ин бархӯрд хеле мамнун будаму рӯз то рӯз дилгармиам нисбати кор меафзуд. Аммо бехабар будам, ки бадхоҳон дар тамоми давру замон вуҷуд доштаанду ҳамеша

пешина
аз 385
навбатӣ