Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
"Тарбияи ахлоқӣ барои саодати фард кофӣ нест, аммо агар миллате илму ахлоқро бо ҳам надошта бошад, бадбахт миллат аст... (аз "Шабистони маърифат")
Мушти оҳанини падарон
ва дасти нозанини модарон
Баъди адои ҳаҷ андешаҳои исломӣ ва илоҳӣ маро сахт ба худ печид. Аз ин рӯ, ҷиддан дар корҳои маъмули рӯзгору коргоҳам ворид кардани дастуру амрҳои Худованд ва расули ӯро воҷиб донистам. Ба ин хотир зарур шуморидам дар тарбияи кӯдакони маъсуми кӯдакистон одобу русуми исломӣ ва миллиро ба ҳам омезиш бидиҳам.
Дар кӯдакистон дар асоси Оиннома барои кӯдакони аз 5 сола боло омӯзиши забони англисӣ, русӣ ва омӯзиши хатти форсӣ ва барои ғанӣ гардонидани хазинаи луғавии эшон омӯзонидани калимаҳои форсӣ-тоҷикиро ҷиддан ба роҳ мондам. Масалан: ба ҷои "раҳмат" "сипосгузорам" ё худ "муташаккирам", ба ҷои калимаи "чуба?" "чаро?" ва ҳоказо омӯзонида мешуд.
Камина хостам алоқадри ҳол барои баланд бардоштани савияи дониши мураббиягон низ чора андешам. Зеро аксарият мураббиягон на балки аз илми доманадори тарбияи ахлоқӣ, кӯдакон бархурдор буданд, инчунин аз тарбияи миллии меросии хеш фарсахҳо дур буданд. Барои ин яке аз шиносҳои деринаамро, ки апаи Сарвархон Машрафова ном дошт, дарёфтам, ки маълумоти олӣ надошта бошад ҳам, форсиро хуб мехонду дар машқи хатти форсӣ хеле хушнавис зане буд. Ҳамчунин Сарвархон аз илми дин-дастуроти илоҳӣ бештар бархурдор буд, бо ин мақсад ӯро ба кори муваққатӣ даъват намудам.
Албатта дар ин росто занҳои босавод дар паҳнои Исфара

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо