Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
расида бошам, дар бағали модар бӯи биҳиштии хонаи Худоро шамидам. Ҳарду ашкрезон оғӯш бо оғӯш ба манзиламон расидем, ба пойандози суфи сафед бо иззат пой гузоштанамро модари хоксоракам аз ман дархост карду ман модарамро.
Субҳи бомдод бо таҳорат рӯи ҷойнамоз ба хонаи дарун омадам, ба мӯъҷизаи Худованд бори дигар дучор гаштам. Шавҳарам ва ду писарамро болои ҷойнамоз дар ибодат дидам. Аз шодӣ гиря кардам. Ба меҳрубониҳои Худованд шукри бениёз кардам, ки дархости мани гумроҳу гунаҳгорро қабул кардааст ва инсоф ба қалби ин пайвандҳоям ворид сохтааст. Пас аз фориғ шудани эшон аз намоз шавҳарамро пурсон шудам, ки кай ба намоз шурӯъ кардааст.
-Пас аз як ҳафтаи шумо ба ҳаҷ рафтанатон. Ними шаб буд, ба назарам хобам буд; ки замин ларзидааст, пас аз он нияти намоз гузоштанро кардам, ҳамон лаҳза писаронамро бедор кардаму ҳама якҷоя намоз хондем, ба Худо шукр, ки то имрӯз панҷ вақт намозро тарк накардаем, -мулоим посух дод шавҳарам.
Баъди андак Шарифахонро дидам, ки муждаи интизор будани кӯдакашро хурсандона ба ман расонид. Пас аз муддате Худованд ба ӯ писарчаи дӯстрӯяке ато фармуд, ки аз ман хеле сипосгузор шуд. Зеро дар шафати девори Каъба ин дархостҳоро сидқан бо ашки шашқатор карда будам. Инак, замоне буд, ки бори дигар ба мӯъҷизаҳои пайдарпайи Офаридгори бузург ман шоҳид гардидам.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо