Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ҳар боре садои карнаю сурнайро мешунидам, худро дошта натавониста, таҳти мусиқии он худро ба майдони рақс мезадам. Чун аз хурдӣ мисли писар ба воя расида, хеле шӯху шаттоҳ будам. Ин бор ба худ гуфтам, ки кунун вақти имтиҳонам расидааст, агар садои карнай маро ба ҳавои рақс бикашад, ба таҳқиқ ҳанӯз имонам суст аст. Агар не, дар дилам ғалаёне бедор нашавад, пайдост, ки Парвардигор дар дилам мӯҳри имонро бо меҳрубонӣ задааст.
Дар ҳар як тавофам аз Офаридгори хеш инсофамро дархост карда будам, тавалло карда будам, ки аз вуҷудам сози шайтониро дур созад, ба ҷои ишқи маҷозӣ ишқи содиқонаи илоҳию муҳаббати илми осмониашро ҷойгир бисозад. Борхалтаамро ба замин гузошта, ба оҳанг бо диққат гӯш андохтам. Ба садои қалбам ҳам гӯш фаро додам. Ҳамоно садои карнай наздик мешуд, аммо қалбам ба ваҷд наомад. Худамро гаштаву баргашта санҷидам. Эҳсосоти шайтониро дар вуҷудам эҳсос накардам.
-Ассалому алайкум ҳоҷиоя, барои чӣ истодаед, шуморо наздиконатон интизоранд,- гуфтани ҷавони ситорагарм писари амаки Бӯраззоқи исфарагӣ, ки дар даст дастгоҳи сабти видео дошт, маро ба худ овард. Ба атроф нигаристам, ки дар ҳақиқат танҳо мондаам дар як саҳнаи фурудгоҳи калон. Хушбахтона бори дигар ман шоҳиди мӯъҷизаи Худованд шудам, ки садои карнай натавонист, маро мисли пештар шефта созаду ба ҳавои рақс ҳавола созад. Байни дӯстону пайвандон модарамро надидам. Аз ҳоли эшон парешон пурсидам. Дар посух гуфтанд, ки модар дар ҳавлиам маро интизоранд. Бовар накардам, ронандаро хоҳиш кардам, ки аввал ба манзили модарам маро расонад. Модарам, модари парирӯям дар тан либосҳои тоза, дар сар докаи сафед пушти тирезаи кулбааш нишаста, чашм аз берун намеканд. Бо баробари маро дидан бо фарёди шодиёна паррон аз ҷояш ҷаҳид ва то ман дохили кулба шудан ӯ аллакай дар остонаи хона буд. Атрро дӯст медошт модарам. Бо баробари ҳамоғӯш шуданамон бори дигар ба машомам хушбӯии макони ҳаҷ расид. Ман гӯё аз ҳаҷҷе ба ҳаҷҷи дигар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо