Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ҷароҳатеро дошт, ки ман хеле мутаассир шудам. Ғариб ҳамаашон дар рӯяшон асари ҷароҳат доштанд. Пай бурдам, ки онҳо аз як қабилаанд. Сониятар дарк кардам, ки дар баъзе чунин қабоил ҳанӯз бо вуҷуди мусулмон будан, нишонаҳои пеш аз исломии муомилоти ғайриинсонӣ боқӣ мондааст. Духтарони зеборо медузидаанд, таҷовуз мекардаанд, таҳқиру таҳвил менамудаанд. Дар чунин қабилаҳо агар духтарон зебо бошанд, ба хотири пешгирӣ кардан аз таҷовузу дуздидану таҳқир намудан, дар кӯдакиашон рӯйҳояшонро иҷборан харошида чеҳраашонро зишт мекарданд, то баъди солору бузург шуданашон ба дасти ғосибону таҷовузгарону дуздон наафтанд. Ин қабила занҳо бо фарёду шеванҳои ба худ хос сари қабри Пайғамбар (с) ба Худо муноҷот карда гиря мекарданд...
...Маносики ҳаҷ ба охир расид. Аз паи омода намудани чизу чораҳоямон шудем. Аммо дил баъди зиёрату тавоф дар ин макон ба ҳолате гирифтор мешудааст, ки инсон бо дили кашол мерафтааст. Дар дил орзуе пайдо мешудааст, ки бигзор то охири умр ин ҷо бошӣ ва бигзор дар ин макон хок шавӣ. Бо вуҷуди ин аз хонаи Худо дил наканда рафтем.
Рӯзи бозгашт пас аз муваффақ шудани мо ба унвони мӯҳри Парвардигор "Ҳоҷӣ, ҳочия", тайёраи мо ба замини фурудгоҳи шаҳри Чкалов нишаст. Ҳама бо навбат берун шуданд. Аксар ҳоҷиён тоқати иштиёқи дидори пайвандонашон бештар шудаву кӯшиш мекарданд, ки тезтар аз тайёра берун шаванд. Ҳама дар тараддуду шитоб буданд. Аммо ману як ҳоҷиязан аз деҳаи Чоркӯҳ дар нишастгоҳи қафо менишастем. Ба ин манзара бефарқ нигоҳ мекардему шитоб накарда, ҳатто аз ҷоямон начунбидем. Пас аз он ки салони тайёра аз ҳоҷиён пурра холӣ шуд, баъд ману он пиразани нуронии чоркӯҳӣ аз ҷой боло шуда, берун баромадем.
Бо баробари берун шудани мо садои карнаю сурнай баланд ба гӯш расид. Пойандозҳои рангоранг пеши поямонро зеб медод.
Ин замон низ бори дигар имтиҳони имонам буд, ки оё аз ҳаҷ бо имони нирӯманд баргаштаам ё на. Зеро қаблан аз хурдсолӣ

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо