Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
тан ҷомаи хокистарии шинаму дар сар дасторҳои якхелаи сапеду дар даст асои мунаққаши дилкаше доштанд. Ҳар сеяшон ба якдигар хеле моно буданду аз чеҳраҳошон нури илоҳӣ меборид.
Падар маро дастур доданд, ки саҳни ҳавлӣ ва намозгоҳу хонақоҳу мақоми имом хатибро тозаву озода кунам. Бо дархости падар саҳни ҳавлии масҷидро тоза кардаму баъдан хонақоҳу мақоми имом хатибро рӯбучин намудам. Айнан дар мақоми имом хатиб қолинеро дидам, ки чунон нақшу нигори зебое дошт, ки қаблан ҳеҷ ҷо надида будам. Ин нақшу нигори гӯё бо дасти аҳли башар сохта нашуда буду гӯё фариштагони осмонӣ онро нақшпардозӣ карда бошанд. Аҷиб ин буд, ки қолин пашми ҳазоррангаи нафиси дилкашу зебое дошт, ки бо баробари по гузоштан то ба ошиқӣ по ба пашм хеле ҳалимона меғӯтид, гӯё модаре пои кӯдаки навзодашро навозиш карда истода бошад. Боз таваҷҷӯҳи маро ҳамин қолин ва нақшу нигори дилкаши он бештар ба худ кашид. Баъди рӯбучин ба падар гуфтам, ки куҷо дасту рӯямро шӯям. Чун обе наёфтам. Падар дастур доданд, ки ба пушти хонақоҳи масҷид гузарам ва он ҷо оби зам-зам аст. Воқеан ба пушти масҷид гузаштаму ҷӯйбори зебои ду тарафаш ободро дидам, ки пур аз оби зулолу дилкаш буд. Дасту рӯямро шустам, таҳорат гирифтам...
...Ман дар Масҷиди Набавӣ айнан ҳамон қолини нақшунигори зеборо дидам, ки дар ҳеҷ куҷо, ба ҷуз хобам надида будам. Парвардигорро шукрона гуфтам, ки хобҳои ман хобҳои пучу ҳавой нест. Вақте поямро ба рӯи қолин гузоштам айнан чун хобам то ба ошиқӣ поям ба пашми нафиси он поям ҳалимона ғӯтиду гӯё поямро модарам навозиш карда истода бошанд. Аз риққат худро дошта натавониста, ба гиря даромадам. Аслан гиря маншаи дарду андӯҳ аст, аммо ин ҷо гиря мекардаму аз пештар бештар сабуктор мешудам. Ин гиряи шодӣ ва шукронаи ман буд.
Вақте сари марқади Ҳотам-ул-анбиё Муҳаммад (с) расидам, тӯдаи занонеро дидам, ки чеҳраҳояшон маро ба ҳайрат гузошт. Бо вуҷуди қаду қомати зебо доштан, рӯйҳояшон нишони

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо