Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
гирифтам, дар онҷое ки меистодам, ният кардам ва ду рақъат намози шукрона ба ҷой овардам, ки Парвардигор садоямро шунид ва хостаамро бароварда гардонид. Пеши Меҳрубонтарини меҳрубонон узри тавба овардам ва аз густохиам дар баробари ҷалолати ӯ пӯзиш талабидам. Аммо дилам рӯшан аз он буд, ки чизи мехостаамро ба даст овардам. Мӯъҷизаи илоҳиро! Дар гардиши ҳафтум як матлаб зеҳни маро машғул дошт ва хело азобам дод. Ин ҳам бошад, посухи он ки оё ин худ мӯъҷизае набуд, ки новобаста ба ҳама гунахҳои бандагиям маро ба даргоҳаш лоиқ донист? Бале, ин мӯъҷиза буд, ки қаблан ман дарк накарда будаам. Ин посух беҳтарин посухе ба хоҳиши тансӯзам буд, ки боз сидқан тавба кардаму шукронаашро ба ҷой овардам. Аз Худованд бо ашки шашқатор боз пӯзиш талабидам, ки дар ивази ин ду мӯъҷиза имони маро нирӯ бахшад ва аз ҳавову ҳаваси дунё маро мубарро созад...
...Субҳи 22 апрели соли 1997. Автобусҳои зебою боҳашамат, ки ҳавои дохили онро кондиционер мӯътадил мекард, дар хизмати мо ҳоҷиён гашт ва моро беозор ба Мадинаи Мунаввара расонид. Бо баробариворид шудан ба шаҳри миодгоҳи охирин ва хонаи охирати Расулуллоҳ (с) маро ҳайрати дигаре пахш кард. Зиёраткунандагон бо вучуди зиёд буданашон, хеле манзараи ороме ҳукмфармову тартиботи махсусе ҷорӣ шудааст. Ҳангоми ворид шудан ба Масҷиди Набавӣ мо, занҳо як канор ва мардҳо ба канораи дигар қисмат шудем. Пулисзанҳое, ки либоси вижаи сиёҳ пӯшида буданд ва танҳо чашмашон намудор буду халос, моро пешвоз гирифта, ба хотири таъмини амнияти Масҷиди Набавӣ моро кофтуков намуданд. Баъдаҳу ба зиёрат иҷозат гирифтем.
Маро аҷаб пеш омад, ки ман ин маконро қаблан гӯё дида будам. Оре, оре, ман хато накардам, ман ин ҷоро дида будам. Ҳарчанд ягон бор дар ин макон набудам.
Расо як солу як моҳ пеш шаби 15 марти соли 1996 хоби аҷибе дида будам. Дидам, ки дар саҳни ҳавлии масҷиди Шайх Муслиҳиддин гаштугузор дораму ба нохост аз пеш падарам омаданд. Ҳамроҳи қиблагоҳиам ду пири дигар буданд, ки дар

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо