Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Худоро медидам, қиссаҳои зиёде шунида будам. Бисёр мӯъҷизаҳои Парвардигори якторо дар нақлҳо истимоъ карда будам. Ба вижа аз китоби Қасас-ул-анбиё, тафсир ва таърихи Табарӣ бо мӯъҷизаҳои Худо ошно ҳастам. Аммо қалби якраввам барои исботи сеҳри ин макони муқаддас, ки Худованд асрорҳои нонавиштаи худро дорад, мӯъҷизае дархост мекард. Дар дилам орзуе милод ёфт, ки мисли ташнаи обе ташнаи дидани мӯъҷизаи илоҳӣ шудам.
Дар ҳар гардиш ва расидан ба мақоми Иброҳим як муддат истода, сӯи хонаи Худо назар сохтам ва бо дилам якравона аз Яздони пок илтиҷо кардам, ки мӯъҷизае, асрореро ба ман ошкор намояд, то ки имонам боз нирӯ гирад, васвасаҳои шайтонӣ аз хунам, аз мағз-мағзи пӯсту устухонам канор равад. Ҳамин тавр чун дар шашум гардиш ба ҳурмати мақоми Иброҳим як муддат истода, бо умед сӯи хонаи Худо назар дӯхтам. Ба нохост аз сурохии танурмонандӣ Ҳаҷар-ул-асвад оташи бузурге забона зада берун ҷаҳид. Гумон кардам, ки қавми дар он ҷо буда аз ин аланга сар то по сӯхтанд. Аз тарс якбора тамоми вуҷудам ба ларза даромад, беист фарёд задам, ки таваҷҷӯҳи дигаронро ба худ кашидам. Аммо худро дошта натавониста, боз садои гирям баландтар гардид. Ҳамроҳонам ин ҳоли маро дида дар ташвиш шуданд ва бароям об оварда, ба рӯям об пошиданд. Пас аз фурсате ба танӯраи Ҳаҷар-ул-асвад нигаристам, ки аз аланга нишоне набуд. Баръакс ҳама чун пештар ором, гӯё ягон воқеа нашуда бошад. Аз атрофиёнам пурсидам, ки забона зада баромадани оташро дидаанд ё на? Чун посухи радро аз эшон гирифтам, ҳайрон шудаму боз садои гирям баландтар аз пешин гардид. Ларзае вуҷудамро пахш кард, худро дошта натавониста:
«Мӯъҷизаатро дидам, Худоҷонам мӯъҷизаатро дидам»-гӯён овозам беихтиёр баланд гашт. Ин посухи пурсишҳои қалби саркашам буд, ки аз Парвардигор мӯъҷиза мехост. Дилам андак ором гирифт, иқрор шудам, ки дар ин макон аз Худованд ҳар чӣ аз самими дил пурсида шавад, Рабби Ҷалил бо меҳрубонӣ ато кардааст. Илоҷе карда худро ба даст

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо