Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

нафаскашиашон ба гӯш мерасид. Аз лаби парсинбастаашон ташнагиву хастагиашон намудор буд.

Ҳама рӯи санги калони сурфамонанде нишастанд, мо низ занон дар тақлиди мардон ба кунҷи ин санги калон ҷой гирифтем. Ҳама хомӯш, ҳеҷ кас ҳеҷ чиз намегуфт. Якбора садои Пӯлодов ба гӯш расид, ки ба байтхонӣ сар карданд:
Гули чоррӯза будам, модарам мурд.
Ба доя додаанд, доя ҳам мурд.
Маро бо шири буз омода карданд,
Аз ин тақдири бад бузгола ҳам мурд.

Ин байтро қироат кардандӯ бо афсӯсу рӯҳафтодагӣ гуфтанд:

  • Ҳа-а, тақдирамон ҳамин будааст. Дар ҳамин макони Худо назар карда ҳам бемалол гашту гузор намекардаем-да.

  • Зиқ нашавед домулло, тақдирамон ҳамин будааст, ҳамааш дар дасти Ӯст. Ин ҳам меҳрубонияш аст, профессорро таскин доданд Калонзода.

Дарёфтем, ки сабаби таркиш аз ба ҳам омадани ноқилҳо ба вуқӯъ пайваста, муҷиби оташгириву сарсониҳо будааст. Ин ҳангом чархболе аз болои сарамон ба ҳадде паст парвоз кард, ки гумон кардам, сарамонро канда ба ҳаво бурд. Дод зада гиря карданамро нафаҳмида мондам, ки ҳӯшу ёди атрофиёнро ба худ ҷалб кардам. Ин ҳоламро як марди араби мисрӣ диду наздам омад ва бо лаҳҷаи худ чизе гуфт, ки аз гуфтораш танҳо "ҳочия, ҳочия"-ашро фаҳмидаму халос. Ӯ маро ором карданияш шуда, аз зарфи пластмассини дар дасташ буда, ки дарунаш об будааст, ба сарам рехту маънии бо об хомӯш кардани оташҳоро аз ҷониби чархболҳо бо чунин ҳол фаҳмонидани шуд. Ӯро фаҳмидаму ором шудам...

...Шаби 21 апрел. Шаби охирони тавоф, ҳангоми видоъ бо хонаи Худо. Ман бо ду нафар модарони хуҷандӣ дар ошёнаи дуюм фарзи видоъро ба ҷо овардем. Ростӣ, рӯзи нахуст аз дарвозаи Бобуссалом ворид шудан ба ин макони муқаддас аз Офаридагори хеш мӯъҷизае меҷустам. Охир қаблан аз хурдсолӣ аз газетаю журналҳо, баъдан аз телевизион хонаи

пешина
аз 385
навбатӣ