Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
таркишро тамошо карданд ва ҳамаро ба гурехтан амр намуданд. Ба фазо фағонаи оташ боло шуда, дарангоси садояш дилҳоро ба ларза меовард. Дуртар аз ман низ як хаймае буд, ки ба ҳоҷиёни мамолики Покистон у Ҳиндустон мутааллиқ буд. Нобаҳангом садои таркиш аз даруни палатка берун шуду оташи ҳамадаркаш ба мисли қаҳрамонҳои деве, ки дар афсонаҳои бачагӣ хонда будем, ба осмон қад ёзонид. Ин ҳолатро дидаму бо тамоми вуҷудам аз тарс фарёд задам. Қозидомулло Калонзода, профессор Абдумаҷид Пӯлодов, домулло Қурайшхон, се нафар занони хуҷандӣ дигарон низ афтону хезон рӯ ба фирор ниҳоданду тарқи маконҳо намуданд. Бо воситаи нақб ҳама рӯ ба берун гурехтем. Ҳангоми давидан дидам, ки зери по ҳадяву харидҳои зиёди ҳоҷиён ва асбобу абзоли зарурии муҳити зисти кӯҳи Мино бесоҳиб дар зери по титу парешон мехобид. Касеро ба чизе парвое набуд. Ҳама ҷони худро ба каф гирифта мегурехтанд.
Ин манзара сифати растохезро ба хотирам овард ва андак ором шудам, ки агар Парвардигор қурбон шудан дар ин маконро насибамон гардонида бошад, бо сад ҷону дил розиям. Чӣ ҷои ваҳшату тарсидан?! Бо он ҳама бо як садо дод мезаданду баъзеҳо аз тарс гиряҳошон ба фалак мепечид. Як манзараи даҳшат буд. Акнун садои таркиш то рафт тез-тез ва баландтар ба гӯш мерасид. Оташпораҳои азим ба фалак хеста, боз ба чашми бинанда манзараро ваҳимтар мекард.
Ба ногоҳ ҳангоми гурехтан чанд қадам дуртар аз ман даруни хаймае туркид, ки гумон кардам дилам кафид. Беихтиёр фарёдам баланд шуду гиря кардам. Марди сиёҳпӯсте ин ҳоли маро диду бо забони арабӣ, ки куллан нафаҳмидам, маро сарзаниш кард. Аз ваҷоҳаташ пай бурдам, ки ӯ маро ба ҷои гиря ба гуфтани калимаи шаҳодат таъкид менамояд. Зеро ҳангоми ҳарф гуфтанаш аз даҳонаш "Ло илоҳа иллалоҳу муҳаммадур расулуллоҳ" баромад. Ниҳоят гурӯҳи мо низ мисли дигарон ба ҷои бехавфторе расидем. Азбаски қозидомулло Калонзода ва профессор Пӯлодов дар байни мо калонсолтар буданд, аз касири давидан ҳарсас зада душвор

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо