Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Аз мукофоти амал ғофил машав,
Гандум аз гандум бирӯяд, ҷав зи ҷав.
Ва дар идомаи гуфторашон,-аллакай шумо мукофотро соҳиб шудед духтарам,-гӯён ба ман хушхабарии хушнудии рӯҳи падарамро расониданд. Дилам аз хурсандӣ ба риққат омад. Аз шодӣ ашк рехтам. Ба рӯҳи падар боз ояе чанд аз Қуръони бузург хондаму бахшидам.
...Тибқи фарзият ва русуми тавоф ба Мино рафтем. Дидам, ки ин дашти беканор бо вуҷуди надоштани боғоту гулзор ва биноҳои пурҳашамат хеле дилпазиру назаррабо буд. Бо як маром зиёрати зоирон ва дар доманаи кӯҳ барафохтани қомати хаймаҳо ба чашм хеле гарм менамуд. Дохили ҳамаи хайма шароитҳо муҳайё буд. Ҳар ҷо-ҳар ҷо бо мошинҳои боркаш, ки сохти автомагазинро доранд, нӯшокиҳои ташнасикану меваву сабзавот мефурӯхтанд. Ин макон ёлаҳои саҳроро ба хотирам овард, ки вақти ғунучини ҳосил марди деҳқон ҳамроҳи фарзандонаш ҳатто шабҳо дар саҳро мехобаду ҳар ҷо-ҳар ҷо чайлаҳои алафин зеби саҳро мешуд. Рӯзи дуввуми зиёрати Мино пас аз намози пешин дар дохили палатка будам, ки ба димогам бӯи сӯхта расид. Ба берун назар кардам, ки дуди сиёҳи ғализ фазоро печонида буду гоҳ-гоҳ садои мисли тӯп тарқиш ба гӯш расид. Ду-се нафар ҳоҷиёни туркро дидам, ки бо шитоб ба самте медавиданд. Яке аз онҳо маро диду бо забони туркиаш ким-чӣ гуфт, ки ман лаҳни гуфторашро нафаҳмидам. Аммо аз чеҳраи ваҳшатзадааш дарк кардам, ки бонги изтироб мезанаду маро ба гурехтан аз ин макон даъват менамояд. Аз куҷое садои марди форсеро шунида, ки ӯ мегуфт, ки гӯё мина мекафад.
Ин хабарро ба Ҳоҷӣ Убайдуллохон ва Қорӣ Қурайшхон расонидам. Онҳо аз авзои ман парешониро диданду азбаски аз гирду атроф бехабар будаанд:
-Э, воҳима накунед-э, ҳеҷ ҷо ҳеҷ коре нашудааст,-гӯён маро ором кардаӣ шуданд.
Аммо баъди ду-се нафас дар ҳақиқат ба гӯшашон садои тарқиш расид, ки ҳадаҳа аз ҷой боло шуданду манзараи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ