Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

...13 апрели соли 1997. Бо маслиҳату тавсияи домулло Калонзода бо дастгирӣ ва роҳбаладии Қорӣ Қурайшхон ва хоҳарзодаашон Тоҳирхон ба масҷиди ҳазрати Фотима омадем, пас аз ғуслу ба бар кашидани эҳроми нав тоату ибодатро ба по гузоштам. Баъд боз гаштем ба хонаи Худо ва махсус аз номи қиблагоҳиам — домулло Ибни Ямин ҳаҷҷи бадал кардаму фарзҳои тавофро мукарраран ба ҷо овардам. Дар лаҳзаҳои ҳаҷҷи бадал аз номи падар ҳаргиз ашки чашмонам хушк намешуд. Ҳарчанд Тоҳирхон оят, сура ва дуоҳои махсусро мехонданду ман такрор мекардам, ҳис кардам, ки забонам такрор карда истодааст, на ақлам. Зеро андешаам танҳо бо армону ҳасрату гуфтаҳои падарам банд буд. Марҳум бечора падарам то охири умр дар масҷид намоз гузоштанро орзу мекарданд. Акси хонаи Худоро, ки дар ҷониби қиблаи хонаашон овезон буд, тамошо мекарданду оҳи дардолуде мебароварданд. «Кош Худованд маро ба ин ҷо мерасонд» мегуфтанд. Охири соли 1991 бо талошҳои равшанфикрон, ки сонитар лақаби «оппозитсия»-ро гирифтанд, масҷиди Ҳоҷиён ба рӯи намозгузорон дари худро боз кард. Қиблагоҳиам аз ин мужда хурсандии хешро ба ман изҳор карда буданд, аммо аз сабаби бемориашон наметавонистанд ба масҷид бираванд.

Ҳаҷҷи бадал тамоми рӯз ба ҷо оварда шуду бегоҳ ба меҳмонхона баргаштам.

Субҳи 14 апрел пеш аз намози бомдод қиблагоҳамро хоб дидам. Эшон дар тан линоси сафед, дар сар дастори сафед, болои ҷойпомоз рост истода, ду кафи дастро боло бардошта, пичиросзанон бо Худованд роз мегуфтанд. Аз ҷой бархостаму дилам моломоли хурсандӣ шуд. Хобро пеши Калонзода бо ҷустани таъвилу тадбираш бозгӯ кардам.

-Хобӣ муборакест духтарам,-домулло Калонзода пас аз гӯш кардани хобам, андак хомӯш монданду, мудаббирона хобамро тадбир карданд. Иншооллоҳ ҳаҷҷи падаратон қабул шудааст, рӯҳашон шод аз шумо аст. Шуморо дуо кардаанд,-бо табассуми зебову малеҳе гуфтанду байти зерро хонданд:

пешина
аз 385
навбатӣ