Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ва ба мақоми ҳазрати Иброҳими Халилуллоҳ расидам. Аллакай аз гурӯҳи мо нишона набуд, ки эшонро дарёбам. Бо ин ҳама, бе хавотир дар ин мақом намоз гузошта, пас аз намоз бо роҳбалади яке аз посбони хонаи Каъба бо таксӣ ба манзили муваққатамон-меҳмонхона расидам.
Вақте ба меҳмонхона расидам, ҳамроҳонамро дар парешониву нороҳатӣ дарёфтам. Эшон аз ғайб задани ман басо ғамгин гаштаву аз рӯи гуфтаашон хеле маро кофтаанд. Аз чеҳраашон низ ҳувайдо буд, ки аз гум шудани ман дар ташвиш мондаанд. Ҳар яке онон маро пурсон шуданд, ки куҷо рафтаму дар анбӯҳи одамон раҳгум задам ё не. Баъзеашон мепурсиданд, ки дар ин шаҳри бегона ман чӣ гуна меҳмонхонаро бехато ёфта омадаам. Зеро меҳмонхонаву кӯчаҳо ба ҳамдигар он қадар шабеҳанд, андак ғафлат кифоя, ки инсон куллан раҳгум занаду ҳисоби корашро гум кунад. Дар ин миён танҳо чеҳраи нуронии қозидомулло Калонзодаро мушоҳида кардам, ки бе ҳеҷ парешониву ошуфтагӣ ба сӯям нигоҳи маънидорона карда истода, хомӯш меистоданду ҳеҷе нагуфтанд. Ҳатто мисли дигарон напурсиданд, ки чӣ гуна то ба меҳмонхона расида омадам.
-
Худованд меҳрубон аст, гоҳ-гоҳ бандаи дӯстдоштаашро аз даруни ин фавҷи зиёди одамон медуздад ва аз боло нигоҳ карда, ҳаловат мебарад. То бубинад, ки бандаи дар байни издиҳом "гумшудааш" дар кадом ҳолат аст. Аз тарсу ҳарос парешон аст ва ё хотирҷамъона дар ибодат аст, - канда-канда, андешамандона ба симои ҳар яке ҳозирин нигоҳ карда гуфтанд. - Дар ин макони муҳаббат касе гум ва ё сарсон намегардад, - илова намуданд қозидомулло.
-
Ин тавр бошад ман аз имтиҳони Парвардигор гузаштаам? Чун ман натарсидам, бо дили пур ибодатҳоямро ба ҷо овардам, - бо хушгӯйӣ бо оҳанги суол ба Калонзода хитоб кардам.
Баъди чунин радду бадали гуфтори ману Калонзода ҳамроҳони мо табассум карданду ҳамин тавр пас аз намози шом ҳама якҷоя боз ба тавофи Каъба рафтем...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ