Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

фарзанд умедашро канда буд. Қаблан ҳангоми омодагиҳо ба ҳаҷ бо Шарифахон вохӯрдам, ки ӯ ба ман пироҳани сапеде ҳадя кард, то дар мавсими ҳаҷ аз номи ӯ дуо кунам, ки соҳиби фарзанд шавад. Духтари холаам Мӯъминахон, ки бемори хеле мутадовим буду табибон барои дармонаш ноилоҷ монда буданд, ӯ низ аз ман пеш аз сафари ҳаҷ дархост карда буд, ки дар ҳаққаш дуо кунам.

Бо дастонам девори хонаи Худоро палмосидаму бо ашки шашқатор аз Парвардигор талаби тавфиқи шавҳарам ва рӯй овардан ба намозро сидқан талаб кардам.

  • Парвардигоро, ба шавҳараму фарзандонам тавфиқ рафиқ соз, то ҳамеша дар хидмати тоату ибодати ту бошанд.

Ҳамзамон аз Худованд пурсидам, ба Шарифахон, ки якумр дар роҳи омадани кӯдак чашмбароҳ аст, фарзанди накӯ ато фармояд. Ба духтари холаам Мӯъминахон, ки табибон дар табобаташ оҷиз мондаанд, шифои комил ато фармояд. Аҷибии кор дар он буд, ки дар ҳаққи худам чизе талаб накардам. Танҳо шукрона кардам, ки маро ба даргоҳаш овардааст. Шод аз он будам, ки дар муқарраби Каъба қарор дораму аз ин хушбахтии дигаре нест. Дар ҳаққи модар низ самимонаву сидқан дуо кардам. Зеро аз хурдсолӣ ёд дорам, ки ӯро пайваста рӯи ҷойнамоз медидам. Аз Худо умед дошту ба касе зарараш нарасида, баръакс ҳамеша шодишарику ғамшарики атрофиёнаш буд. Дар ғами дигарон хуни дил мехӯрду дар шодии дигарон ҳазорон бор ашки шодӣ мерехт. То метавонист дасти кӯмаки худро дареғ намедошт. Мо шаш нафар фарзандро чун гавҳараки чашм бонӣ карду ба воя расонид. Ҳатто як духтари холаамро аз ширхорияш гирифта бо шири ҷони хеш парварид. Ӯро ҳеҷ гоҳ фарзанди хоҳар намеҳисобид, балки чун ҷону ҷигар пайванди худ медонист. Дар дуо аз дӯстону ҳамсоягон, пайвандону ҳамватанонам низ фаромӯш нагардид.

Вақте ки тӯдаи тавофкунандагон ба маҷроҳои ором мубаддал гашт, бо кӯмаки он марди масъул, ки маро аз таҳоҷуми талотумҳо ҳимоят карда буд, оҳиста берун ҷастам

пешина
аз 385
навбатӣ