Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
мавҷҳои саркаш шинокунон маро ба девори хонаи Каъба зер кард. Яке эҳсос кардам, ки дар ҷавори девори Каъба қарор дорам. То рафт аз тангии нафасу бархӯрди девори хонаи Худо ба азият омадам. Аммо хушҳол будам, ки Парвардигор бо баҳонаи кӯдак маро ба хонааш наздиктар сохт.
Яке марди бузургҷуссаи сиёҳпӯст, ки масъули бехаффии зоирин дар атрофи Каъба будааст, маро ҳимоя карда дар пасам истод, бо ду дасти дарозаш дигар ҳоҷиёнро манъ мекард, то маро ба девор пахш накунанду ба ман осебе нарасад.
Ҳангоме, ки ба тайёра аз фурӯдгоҳи Хуҷанд савор шуда будем, то замони расидан ба шаҳри Ҷадда қозидомулло Калонзода мо зоиринро бо қоидаву маросимҳои ҳаҷ ошно карда буданд. Ҳамзамон аз он ёдовар шуда буданд, ки мо гадоёни даргоҳи Ӯем ва ин омадани мо ба даргоҳи Худованд маънии талбандагии моро дорад. Ҳар кас дар мақоми хонаи Каъба ҳар дуое аз сидқ анҷом бидиҳад, Худованд ҳатман қабул месозад. Ва дуо ҳар қадар наздиктар ба Каъба бошад, мустаҷоби он низ қарибтар аст. Ин ҳарфи қозидомулло ба ёдам расиду ашк аз дидагонам рехт, ки Парвардигор бо инояту меҳрубонияш маро ба девори хонаи Каъба овардааст, то аз Ӯ ҳар ниёзе дорам, бипурсам. Марҳамати Худованд буд, ки бо дидани чеҳраи малакутии як кӯдаки маъсум аз гурӯҳамон ғафлат ёфта, ба ин мақом нохудогоҳ омадаам. Дарк кардам, ки кӯдаконе, ки дар олами рӯъё дидаам, ҳама фариштагонанду ҳамеша дар пайи дуои ҷони мананд. Ин лаҳза дарк кардам, ки чаро ин қадар олами поки кӯдакон маро дар хобҳоям ба сӯйи худ мекашидааст. Ин кӯдак инсон набудааст, балки фариштае будааст, ки маро то ба девори хонаи Худо раҳнамоӣ кардааст. Инак лаҳзае буд, ки мавриди таваҷҷӯҳи Худованд қарор доштанамро дарк кардам.
Шавҳарам то ба сафари ҳаҷ аз намоз андак канора мегирифтанду борҳо аз пушти намоз баҳсҳо ба миён меомад, ба ёдам омад. Дар кӯдакистон Шарифахон ном мураббияе доштам, ки аз ду шавҳар фарзанд надида буданду ба қавле аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ