Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

АдабиётШеър
Аз аввал хондан

Дар ҳамин асно ман ғарқи тамошои мастии ошиқони Худо шудам, ки аз хотирам ҳатто дунёи худам рафт. Аз чашмам беист ашк ҷорӣ мешуду шукрона мекардам, ки дар анбӯҳи ошиқони даргоҳаш қарор дорам. Худро билкулл аз даст додаму танҳо дар ёдам Худо буду бас. Гӯё ман набудам, тамоми вуҷудамро ҳастии поки Парвардигор забт карда буд. Ин лаҳза андак ба худ омада дидам, ки аз гурӯҳи худам комилан ҷудо шудааму дунболи марде ҳиндуе равонам, ки дар китфаш кӯдаки тахмин дусола дошт. Кӯдак дар сари китфи падараш ба қафо, яъне ба ман нигоҳ мекард. Аҷабам гирифт, ки аслан кӯдакон дар ин гуна анбӯҳҳои зиёди одамон ё ба ваҷд меоянд ё аз тарс ба фарёд медароянд. Аммо ин кӯдак бефарқ гӯё дар хонаи танҳо бошад, орому хомӯш меистод. Чеҳраи сиёҳаки гарм, чашмони нурполову нигоҳҳои беғаш дошт ин кӯдак. Мӯйҳояш чунон дилкаш ҷилое доштанд, ки ба ёдам баррачаи масти ҷингиламӯро овард, ки ин кӯдак низ айнан мӯи ҷингилаи ҷилодор дошт. Дастони фарбеҳакашро сӯям дароз кард. Ман низ беихтиёр дастони ин кӯдакро дошта аз қафои онҳо пиромуни Каъбаро давр мезадаму аз лабонам зикри Худо дур намешуд. Эҳсос кардам, ки дилам ҳар як ҳарфи зикрамро тасдиқкунон ба нолиш даромад. Ҳамоно кӯдак аз ман чашм намеканд. Ин манзара боз сабаби он шуд, ки аз гӯрӯҳамон ба хотирам чизе наомад. Чашми мисли олу сиёҳу нигоҳи чун оҳу дилкаши кӯдак маро хеле андармон кард. Дасташро аз дастам раҳо намекард. Дастонашро модарвор бӯсидам. Ман низ бо ин иштиёқ пеш мерафтаму мерафтам. Ин дам ҳатто аз он ки аз ҳамроҳонам ҷудо гаштаам, дар дилам на хавфеву на малӯле пеш омад. Намедонам аз чӣ бошад, ки дар дилам фараҳ моломолу ишқи илоҳӣ куллан фаро гирифта буд. Фавҷи зиёди одамон боз мисли мавҷҳои пурталотуми баҳр пиромуни хонаи Каъба тоб мехӯрду ҳар гоҳ алвонҷ хӯрда ба соҳилҳо лаб мезад.

Вақте ба Ҳаҷар-ул-асвад наздик шудем, боз тӯдаи зиёди гурӯҳи дигар маро аз он тифлак ҷудо кард, ҳис кардам, ки пойҳоям баръало аз замин ҷудо гашт ва тӯдаи одамон мисли

пешина
аз 385
навбатӣ