Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ризоияти кӯмаки раиси вилоятро ба даст овардам. Ҳам хаттиву ҳам шифоҳӣ зарурат доштани чунин дастури миллиро фаҳмонидам, ки раиси вилоят баъди андак варақзанӣ шод шуду ба ман хитоб кард:
-Муаллима, заҳмат кашидаед, зиқ нашавед, китобатонро чоп мекунем.
Ахиран рӯзи деринтизори ман омад. Тирамоҳи соли 1996 дастури таълимии "Нури одамият" бо дастгирии марди шариф - Қосим Қосимов аз чоп баромад. Аз хурсандӣ ба куртаам намегунҷидам. Пеш аз ҳама як адади онро гирифта ба қабули раиси вилоят даромадам. Аз чеҳраи нуронии раиси ҷавони вилоят ба ман баръало маълум шуд, ки аз чоп баромадани ин дастур он кас низ хеле мамнун аст.
Бо табассуми мазмундор:
-Офарин, ана дастур аз чоп баромадааст-ку, андак сифати коғазаш паст, вале дар навбати аввал хуб. Новобаста аз сифат, дастури асосӣ ба дасти мураббиён, волидон меравад, табрик шуморо, табрик, - гуфтани раис рӯҳияи маро болидатар сохт.
-Акнун қиммати ҳаққи хизмататон, яъне ҳаққи қаламатонро гӯед, - гуфта пурсидани раис маро андак дар ҳаяҷону ҳиҷолат гузошт. Аз шарм сурх шудам ва ҷуръатро ба даст гирифта гуфтам:
-Раиси азиз, ман ба ивази маблағ кор накардаам. Ин хидмати ман барои савоб ройгон аст. Муҳим он аст, ки мураббиёну волидони мо тибқи ин дастур фарзандони худро хуб тарбия кунанд, дар ҳузури Худованд ва халқ мо хидмати худро адокарда меҳисобем.
Раис ҳам бо тааҷҷуб:
-Хеле хуб... аммо... ман... ба ивази ин кори савобатон чӣ ёрдам ё кори савобе кунам? - андак раис низ аз ҳарфҳои ман ба фикрам ба ҳаяҷон омада илтифот намуд.
Аз кӯдакӣ аз рӯи нақли падар ва китобҳои хондаам, орзу доштам, ки хонаи Худоро зиёрат созам. Падар дар дил орзуи зиёрати Каъба ба хок рафтанд. Ҳамеша тамано мекардам, ки

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё