Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
ҳаҷҷи бадале бо номи қиблагоҳӣ анҷом бидиҳам. Аз ин рӯ, хостам якбора ин такозоямро гӯям. Аммо шармам омад. Худро бо як мушкилӣ ба даст гирифта:
- Мӯҳтарам раис, як пешниҳод дорам, - ҳис кардам, ки аз шарм сару рӯям ғарқи обу арақ шудааст.
- Хӯш, гӯш мекунам, - мунтазири гуфтори ман раис ҳам нигоҳашро аз нигоҳам намеканд.
- Агар мумкин бошад, маро ба зиёрати ҳаҷ ва ё ба сафари Эрон фиристед, то аз он макони маънавӣ баҳра гирам...
- Қабул, қабул, пешниҳоди хуб, ваъда намедиҳам-ку, аммо дида мебароем, - Қосим Қосимов бидуни андеша ва ё фикри дуру дароз якбора посух дод...
...Охири моҳи январи соли 1997. Раиси кумитаи дини назди ҳукумати вилоят Кароматулло Баҳодуров маро даъват кард. Аз даъвати нобаҳангом ҳайрон шудаму ба ҳузураш шитофтам. Пас аз салому алейк дарёфтам, ки раиси вилоят ба кумитаи дини вилоят аз сӯҳбатамон гуфта, такозои маро гӯшрас карда будааст. Аммо аз ростӣ то ба ин муддат гумон карда будам, ки раиси вилоят хеле инсони серкор аст, шояд бо сабаби серкорияш дархости маро фаромӯш карда бошад. Аммо ин лаҳза ба хотираи қавии ӯ ва ваъдаи мардонааш қоил шудам.
Раиси кумитаи дин барои гирифтани шиносномаи хориҷӣ ҳуҷҷатҳои заруриро дархост кард. Дар лаҳзаи сӯҳбат пурсид:
- Ба ҳаҷ меравед ва ё ба Эрон? - андак фикр карду сониян, - моҳҳои наздик мумкин як гурӯҳ ба Эрон раванд, ё ба эшон ҳамроҳ мешавед? - гӯён посухи маро мунтазир шуд.
Намедонистам чӣ посух бидиҳам, бо вуҷуди ин дар хаёлам сафари ҳаҷро тарҷеҳ додаму гуфтам:
- Ҳар ду сафар ҳам хуб аст, аммо агар ҳаҷ бошад, боз беҳтар...
Пас аз ду рӯз ҳуҷҷатҳои дархосткардаро ба кумитаи дин расонидам, аммо аз чӣ сабаб бошад, ҳеҷ бовариам намеомад, ки ба яке аз сафарҳои номбурда равам.
Охири моҳи феврали соли 2007 ба маорифи вилоят кор доштаму сароқадам ба назди Кароматулло Баҳодуров

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё