Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

аввалин бор чеҳраи қозидомулло Калонзодаро дидам, ки аз оинаи мусофиркашон ба берун назар мекарданд.

Онҳоро ҳайрамақдам гуфта ба дарун хондем. Ду нафар духтарон пойандози атлас густурданд. Ин замон кӯдакони маъсуми фариштасират дар ду тарафи даромадгоҳ меҳмонони олиқадри конфронсро бо нону намак ва шеъру таронаҳои миллӣ пешвоз гирифтанд, ки боиси болидарӯҳии эшон гашт.

Садри маҷлис нависандаи шинохта Муқим Абдураҳмонов буд, ки бо тамомияти фасоҳати сухану балоғати калом ибтикори моро воқеан хубу мондагор ва хеле саривақтӣ хонд. Домулло Калонзода вақте ба сухан баромаданд, дарк кардам, ки ҳатто кӯдакон низ хомӯш менишастанду бо гӯши дил фаро рафта буданд. Зеро ин чеҳраи нурониро ҳамагон тавассути барномаи "Насиҳат гӯш кун, ҷоно!" хеле хуб ошно буданд. Аз ин рӯ, вақте "Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим" гуфтани Калонзода дар баландгӯяк садо дод, садои дилнишину ҷарангдор аз равоқи гӯшҳо ба кайвони дилҳо рафта расид.

Дар конфронс пиромуни тозагӣ ва аз дини муҳаммадӣ будани тозагӣ суханҳои ноб гуфта шуд. Дар чашмони пирони барнодил дидам, ки ашк мезаҳиду волидони кӯдакон бо сари хаму чашми нам гӯш ба қимор буданд. Баромадҳои файласуфонаи устодон Н. Яздон ва А. Насриддинов ба рӯҳу қалби шунавандагон нирӯи бузург бахшид.

Боз аламам гирифт, ки аз ҳукумат касе наомад. Чун дафъаи гузашта Содиқҷон Рустамов сароқадам омаду рафт. Аз маориф танҳо Хӯҷахон Бобоевро дидаму бас.

Ман бо он ки касе аз ҳукумат наомаду ғамгин будам, бо вуҷуди ин хурсанд шудам, ки ҳадафи дар пеш гузоштаамро амалӣ карда тавонистам. Кам бошад ҳам ба мураббиёну волидони гирду атроф аз пирони хирад ва меҳмонони олиқадри хуҷандӣ дарси ибрате дар хотироташон боқӣ монд.

пешина
аз 385
навбатӣ