Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
-Ҳатман меравем ин дафъа, шумо хавотир нашавед, иншооллоҳ меравем, шумо нияти хайр дореду мо намерафтаем? Не, не, ҳатман хоҳем рафт,-таъкид ба таъкид Насриддинов ваъда карданд, ки ба Исфара хоҳанд омад.
Чун ин дафъа медонистам, ки бо даҳолати Назри Яздон ин конфронс ҳатман бояд баргузор шавад. Дар кӯдакистон омодагии ҳаматарафа ҷараён дошт. Волидони кӯдакон ва пиру барнои атрофи кӯдакистон, афроди фарҳангиву зиёии ноҳияи Исфара, аҳли дину муаллимони пешқадам ва пирони рӯзгордида бори дигар даъват шуданд. Ба садри ин маҷлис шахсан худи Назри Яздонро таклиф карда, хоҳиш кардам, ки ҳатман ҳузурашон дар конфронс ҳатмист. Ин марди огоҳ низ маро дилпур кард, ки ба конфронс ҳатман меояд.
Рӯзи конфронси илмӣ 14 октябр таъин гардида буд. Қаблан, ки муносибати духӯраи ҳукуматро аҳли иштироки дар моҳи апрел дида буданд, инак аз ваҷоҳаташон маълум буд, ки на он қадар бовар доранд, ки меҳмонон аз Хуҷанд меоянду конфронс баргузор мегардад.
Субҳи 14 октябр барвақт ба кӯдакистон омадам. Амаки Исмоилҷон (рӯҳашон шод бод) дар тан пироҳани яктаҳи сафед, шими сиёҳ, мӯзаи ҷилодори сиёҳ дар пой, дастпоккунаки гулдӯзии дарози шилшиладори миллӣ дар китф, дар назди самовор бо чеҳраи хандон меистоданд. Ин мард ба ғайр аз он ки нармгуфтор аст, хеле базлагӯву зарифу ҳаҷвдӯст буд. Дигар мураббиёну масъулини кӯдакистон низ бо омодагии комил ва тараддуд ҳузур доштанд. Аз паи оростану пиростани мизҳо ва хӯроку ҷиҳатҳои ташкилии конфронс мураббиён даву тоз доштанд. Бахши дигари мураббиён, ки ба ҷиҳатҳои ташкили фарҳангии конфронс масъул буданд, бо кӯдакон ба машқи саҳначаҳо машғул буданд. Соат 9:00 набуд, ки аз берун касе тозон омад, ки меҳмонон омаданд. Аллакай то ин замон кулли мардуми даъватшуда аз марзи Исфара мунтазири меҳмонон пиромуни мизҳо сӯҳбати гарм карда менишастанд. Инро шунида, боварам наомад ва худам сӯи даромадгоҳ давидам. Воқеан

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё