Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
сарҷамъ мекард. Дар роҳ фикр карда будам, ки Насриддинов азбаски эътиқодмандону шогирдони зиёд доранд, шояд ҳамроҳи аҳли адаб сари замин бошанд. Аммо тахминам ғалат баромад. Писарбача ба сӯи марди танҳои сару либоси хоксорона ба бар дошта "дада, ба назди шумо меҳмонон" гӯён давид.
Ҳӯш аз сарам парид. Наход профессори шинохтаи кишвар Насриддинов бе ягон ёвар ва ин қадар бо сару либоси хоксорона дар қабати гандумзор бошанд? Мо ба назди устод наздик шудему он кас низ сӯи мо қадам партофта майли омадан доштанд. Баъди салому ҳолпурсии боварам намеомад, ки ин ҳамон олими шинохтаи мост. Бузургон бо хоксорӣ бузурганд. Бори дигар эътиқоди доштаам нисбати ин марди фақид боз садчанд шуд.
Даъватномаро ба муаллим додаму:
-
Гумон кардам, ки шогирдонро ба ҳайси ёрдамчӣ сари замин овардаед, аммо мебинам, ки хилофи гумонам шумо худ танҳоед, - тааҷҷукунон гуфтам, - одатан муаллимони донишгоҳ ба корҳои худ шогирдони беҳтарини худро меоранд. Охир моро ба ҳашар даъват мекардед, - бо шӯхӣ суханпардозӣ намудам.
-
Не, Муноҷотхон, ман аз онҳое нестам, ки аз қувваи донишҷӯён истифода барам. Аз ин кор нангам меояд, - кӯтоҳакак, бе шарҳу тавзеҳ посухи Насриддиновро шунидам.
Пас аз он ки профессор даъватномаро ба даст гирифтанд, хеле хиҷолатзада шуданд, ки мо маҳз барои додани даъватнома ба саҳро овора шудаем.
-
Охир, ба ҳамин қадар роҳи дур овора нашуда, ба хона медодед ҳам мо мерафтем, - аз камоли хоксорӣ лутф карданд устод Насридинов.
-
Ҳеҷ гап не, ба хотири шумо ҳатто ба он канораи дунё ҳам равем кам, - бо эҳтиром бадоҳатан гуфтам.
-
Ё тарсидед, ки дафъаи қабл барин намеравем? - бо шӯхӣ сӯҳбатро ба ханда кашиданд. Аммо аз чеҳраи Насриддинов низ хондам, ки аз гирумони ҳукумати шаҳри Исфара дар конфронси наврӯзии илмӣ, ки қаблан монеъ шуда буданд, хеле нороҳат шудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё