Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Шарифов ва Муслиҳиддин Мукаррамов, ки хеле эҳтиромро қоил будаму ҳамеша икроми хос нисбати ҷалолашон доштам, даъватномаро гирифта ба донишгоҳ рафтам. Аммо он ҷо гуфтанд, ки Насриддинов дар хонаашон. Ба хонаашон низ рафтам, аммо дар хона низ набуданд. Ҳамсарашон гуфт, ки он кас дар саҳро гандум дарав доранд. Хостам даъватномаро ба ҳамсарашон дода оқиб гардам. Аммо ҳисси эҳтиромам маро нагузошт, ки ин корро ба худ раво бинам. Тасмим гирифта будам, ки бо он кас рӯ ба рӯ бояд вохӯрам ва шифоҳӣ низ дархости омадани эшонро баён дорам.
Бо ҳамсари Насриддинов худоҳофизӣ карда берун баромадам ва ронанда муаллим Муҳиддин Исроилзодаро огоҳ кардам, ки ба самти саҳро меравем. Ин ҳангом муҳаррики мошин ба ҳаракат надаромада буд, ки писарбачаи тахмин 8-10 солаи дӯстрӯяки ситорагарме ба мошин наздик омад, чеҳрааш шабоҳат ба чеҳраи фариштагон дошт. Ман ин кӯдакро куҷое дида будам, аммо ба хотирам наомад, ки куҷое дидаам. Хеле шинос намуд. Баъди салому муаррифиаш дарёфтам, ки писари устод Насриддинов будааст, аз ин рӯ бароям ошно намудааст.
Писарбача гуфт, агар мо хоҳем ӯ моро ба саҳро мебарад ва гандумзори падарашро нишон медиҳад. Ӯро бо худ ба ҳайси роҳбалад ба мошин гирифтем. Бо раҳнамунии кӯдак аз шаҳри паҳнои шаҳри Хуҷанд хеле берун баромадем. Мошин пеш мерафту мерафт, аммо ҳеҷ не, ки писарбача омадем гӯяд. Хаёл кардам, ки кӯдак ғалат кардааст, аммо ӯ ҳамоно исрор мекард, ки ҳанӯз наомадаем. Ба паҳнои Деҳмой расидем. Писарбача ишора кард, то биистем. Мошин таваққуф кард.
- Ана ҳамин ҷо, омадем, - хурсандона писари Насриддинов ба мо хитоб намуд.
Мошин сари роҳи калон истоду қабат-қабати замин хеле роҳ гаштем. Гандумзори азиме пеш омад. Аз он ҳам гузаштем. Ба гандумзоре расидем, ки бандҳои ғарамшудаи гандум ҳар ҷо-ҳар ҷо истода, баъзе ҷои он акнун нав ба дарав сар шуда буд. Аз дур дидам, ки як марди ҷомапӯше ба сар тоқии кӯҳнаи рангпарида дошту, тани танҳо чолокона бандҳои гандуми даравидаашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё