Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
-Ҳар чӣ дасилаҳо ҳаст, дар худи ноҳияи шумо будааст,- ҳарфҳои Яздон андак мубҳаму чистонвора ба гӯшам расид. Мазмуни гуфтаҳояшро натавонистам, ки ташхис бидиҳам. Аз ин рӯ, рӯшантари ошкортар гуфтани ҳарфҳояшро пурсон шудам.
Чеҳраи Яздон аз пештар ҷинтар шуду аз ғавғоҳои пешин, ки дар конфронси наврӯзӣ шуда буд, бароям гиреҳҳоро кушод. Бароям аз номардиҳои баъзе масъулини мақомоти маҳаллӣ гуфт. Ҳамчунин иброз дошт, ки гӯё қаблан дар конфронс дар ҳукумати вилоят ҳам бароям монеа эҷод накарда будаанд. Фақат аз ҳукумати Исфара пайваста занг зада хоҳиш карда будаанд, ки то тавон ҳаст аз ин конфронси илмии ман чилавгирӣ карда шавад. Савриддинова хоҳиш карда будааст, ки бигзор меҳмонони хуҷандӣ наоянд, ки гӯё ин конфронс як мавзӯи пучи исломиву кӯҳан будааст.
Рӯям оташ гирифту дарунам сӯхт. Ӯ хеле афсӯс хӯрд, ки бароям ин гуна муносибатро раво дидаанд. Каме хомӯшӣ ҳукмфармо гардид. Сукутро Назри Яздон бишкасту маро раҳнамоӣ кард, то дар фурсати наздиктарин ба Хуҷанд равам ва нақшаҳоро бо кӯмаки устодони донишгоҳ сар то по тарҳрезӣ намоям ва нақшаро ба ҳукумати вилоят ба ҳузури муовини раиси вилоят Рофиев пешниҳод созам.
Бо ӯ худоҳофизӣ ва арзи сипос намуда аз ҷой боло шудам...
...Тӯли ду ҳафтаи дар Хуҷанд буданам ҳамроҳи устодони донишгоҳ нақшаи кори конфронсро куллан тарҳрезӣ намуда, бо кӯмаки мудири идораи маорифи вилояти Ленинобод Анвар Ҷалилов ба ҳукумати вилоят нусхаашро пешниҳод сохтем.
Ҳуллас ризояти ҳукумати вилоят барои баргузории чорабинии ормониямро ба даст овардем. Таклифномаҳоро ҷадидан омода сохтем. Нахуст дар рӯйхати фикри ман даъват кардани қозидомулло Калонзода, Назри Яздон, шоира Фарзона, профессор А.Насриддинов ва дигар афроди худогоҳу Худоогоҳ буданд. Ба соҳиби ин номҳо даъватнома омода буд. Ба дасти ҳар якашон худам таклифномаро расонида, иловатан шифоҳӣ хоҳиш кардам, ки ҳатман ба Исфара қадамашонро дарег надоранд.
Ба профессор Абдуманон Насриддинов, Абдуҳаким

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё