Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Ахиран ваъда кард, ки бароям дар ҳалли ин масъала кӯмаки бевоситаи худро мерасонад.
-Устод, охир дар ҳукумати шаҳрамон ба ин чиз монеъгии ҷиддӣ доранд-ку. Агар ризогӣ медоданд, қаблан барои гузаронидани конфронс монеъа намешуданд, - нобоварона иброз доштам ман.
-Шумо пагоҳ барои ба Хуҷанд рафтани ман мошин ёфта диҳед, он сӯяш ба уҳдаи ман, - ғамхорона дар ҷавоби суолам посух дод Назри Яздон.
Ҳамин гуна дигар ҳеҷ чиз гуфта натавонистаму ҳар ду тасмим гирифтем, ки пагоҳ ман бояд мошин ёфта диҳам. Назри Яздон ба ҳукумати вилоят мераваду ин масъаларо дар сатҳи ҳукумат ҳал карда меояд. Бо яке аз дӯстонам мошинро низ ёфтем.
Шаб ба хона омадаму аз хурсандии хоб чашмонамро тарк кард. Хулласи калом ин шуд, ки Назри Яздон ба ҳукумати вилоят рафта безарар будани конфронсро таъкид доштааст. Эшонро бовар кунонидааст, ки бо иҷозат додан ба ин конфронс ояндаи миллат бурд мекунад, на бохт.
Рӯзи дигар ба телефони хонаам Назри Яздон занг зад. Хабари хушам расонид, ки ризояти ҳукумати вилоятро барои баргузории конфронс дарёфт кардааст. Аз хурсандӣ ба куртаам нагунҷидам.
Ба кор шитофтаму бо ҳамроҳии мураббиягон ин масъаларо пеш гузоштам. Ҳеҷ касро аз хурсандӣ бовар набуд. Нақшаҳои қаблӣ, ки барои конфронси наврӯзӣ кашида будаму ноком анҷом ёфта буд, он ҳуҷҷатҳоро рӯи мизам пароканда карда, бори дигар онро таҷдиди назар сохтам, ки барои конфронс чӣ навгониҳо бояд ворид сохту чӣ чизҳояшро бояд ҳазф кард. То нисфирӯзӣ андармони ҳуҷҷату нақшаҳо шуда, баъди нисфирӯзӣ дар ҳавои зарнисори тирамоҳ ба осоишгоҳи "Зумрад" раҳ пеш гирифтам.
Назри Яздон бо чеҳраи кушоду хушҳолӣ маро пазируфт. Аз саломативу чӣ гунагии фароғаташ дар осоишгоҳ пурсон шудам. Ӯ низ дар тӯли радду бадали якчанд ҳарфҳои расмии ҳолпурсӣ якбора тавакқуф кард:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё