Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

"Бар сари фарзанди одам ҳар чӣ ояд бигзарад"-гуфтаму ҳаволашро ба Худо супоридам. Аммо ҳамоно аз он рӯз ба-д-ин сӯ дар дилам догест, ки зудуда намешавад.

Дандон ба дандон монда боқимонда рӯзҳо кор кардам. Ҳар гоҳ ёди ин рӯз ба сарам ояд, диламро бугзе фаро мегирад. Бо он ҳама умедамро аз созмон додани конфронс накандам.
Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,
Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Яқин дар дилам шӯълае фурӯзон буд, ки ин гуна рӯз фаро мерасад. Ахиран, аз як нафари масъули ҳукумат фаҳмидам, ки аз корманди кумитаи дини Дастгоҳи Президенти ҷумҳурӣ шоир, файласуф ва олим Назри Яздон дар осоишгоҳи "Зумрад" истироҳат дорад. Чун ин нафар ба ман ғамхорона маслиҳат дод, ки ин масъаларо бояд пеши ӯ арз намоям, бе шак бароям роҳи ҳалро нишон хоҳад дод. Аз ин хабари хуш дилам моломоли фараҳ гардид. Ба дидори Назри Яздон ба осоишгоҳ шитофтам. Воқеан ин марди шарифу ғамхорро дар Зумрад пайдо кардам.

Назри Яздон қомати баланду пешонии фарох дошт. Мӯйҳояш сиёҳи сихча, мӯлаби зебандаву чеҳраи сафед, чашмони сиёҳи мешӣ ва миҷгони дароз дошт. Дар гуфтораш аз Ҳофизу Саъдӣ ва Рӯмию Хайём бисёр иқтибосҳо меовард. Хеле зираку доност. Хушсухан ва хеле санҷидагӯй аст. Дар баробари ин гуна доноиву бузурггиаш хеле хоксору фурӯтан буд.

Баъди салому паём ва ҳолпурсӣ сабаби маҳзи омадани хештанро баён доштам. Он чӣ дар бобати гузаронидани конфронс монеаҳои сунъие, ки буд, барояш бозгӯ намудам. Ӯ хеле хомӯш ва ғарқи сукут ба ҳарфҳоям гӯш андохт. Одате доштааст, ки сухани гӯяндаро ҳеҷ намебуридааст. Маро то ба охир гӯш карду вақте суханам поён ёфт, дарҳол тасмимашро нагуфт. Боз андаки дигар сукут кард. Ба фикрам ӯ роҳи ҳалро андеша мекард.

Баъзе суолҳои ҷузъӣ низ дод, ки ба жарфнои масъала наздик шуданаш маълум гардид.

Бо ишораи ҷунбонидани сар аз нақли ман мутаассиф шуданашро ошкор кард.

пешина
аз 385
навбатӣ