Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
Наҷотхон ИСОМАДДИНОВА
шаҳр буданаш, иҷрокунандаи амру фармонҳои боло аст. Аз дасти ӯ ҳам ҳеҷ кор намеояд, вақте ба ӯ амр кунанд, ба ҷуз итоат дигар коре карда наметавонад.
Бо ин фикрҳо худро андак тасаллӣ додам. Кӯшиш кардам, ки дар вуҷудам ҳисси бадбинӣ нисбат ба Савриддинова таваллуд наёбад. Аммо пас аз як моҳи ин воқеа ба шаҳри Хуҷанд рафтам, ки ҳама чиз бароям мисли оина рӯшан шуд.
Тасодуф бо устодони илм, ки аксарашонро ба конфронс даъват карда будам вохӯрдам. Аз ҷараёни ба вуқӯъ напайвастани конфронс сӯҳбат ба миён гузоштам. Онҳо ҳам китф дарҳам кашиданду ба гила пардохтанд, ки гӯё ҳама кор аз худи шаҳрдории Исфара шудааст.
-Агар ҳукуматдори шаҳратон (Г.Савриддиноваро дар назар дорад. И.Н) ҳар гуна сигналҳоро надиҳад, ҳукумати вилоят ба кори як боғчаи бачагона коре надорад. Аслан Рофиев муовини раиси вилоят аз инсонҳое нест, ки худро андярмони ҳар гуна иғвоҳо мекунад? Ба иттилои мо Савриддинова ба Рофиев занг зада, хоҳиш кардааст, ки конфронс боздошта шавад. Зеро ӯ гуфтааст, ки ин конфронс гӯё ғояҳои фундаментализми исломиро дораду русбадбиниро тарғиб мекардааст. Аз ин рӯ, ҳадди ақалл ҷилави меҳмонони Хуҷандро гирифта шавад, айнан чунин хоҳиш кардааст Савриддинова,-гуфт яке аз устодон, ки даъватшуда буд.
-Бовар намекунам, наход?-ҳайратам афзуда дигар ҳеҷ чиз гуфта натавонистам.
-Баъди чунин гузориши дурӯғини ҳукуматдоратон Рофиев маҷбур шуд, ки пеши роҳи чунин конфронс гирифта шавад.
Парда аз рӯи ин асрор бардошта шуд. Навад фисаде, ки нисбат ба Савриддинова эътиқод надоштам, кунун сад фисад шуд. Ягон ҷои шарҳу эзоҳи дигар набуд. Аз Хуҷанд бо дили пурандӯҳ баргаштам. Ба як суолам посух ёфта натавонистам. Агар ман ба чашми Савриддинова бад намоям, чаро ӯ қасосашро на аз худи ман, балки аз волидону кӯдакони маъсум, пирони рӯзгордидаву собиқадорони меҳнат ва дигар меҳмонон гирифт?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё