Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
директори коллеҷ-гимназияи шаҳр Сабоҳат Сатторова, ки хеле бузургу мондагор буд, маро самимона табрик гуфт, ки моя ва сабабгори чунин ҷашни пуршукӯҳ шудаам. Бо он ки дилам аз наомадани меҳмоному бархӯрди ҳукумати шаҳри Исфара ба риққат омада буд, хеле болидрӯҳ гаштам.
Ҳангоми сухани табрикии муаллима Усмонова маро як ҳарфи басо хотирмон ва хеле аҷиби ӯ ба ҳайрат бурд.
-Ба фикрам занони курсинишин ин ҷамъомадро назарашон нагирифт, ки наомаданд. Зеро аз сарварашон сар карда то дастпарваронашон низ омаданро ба худ муносиб надиданд,- бо гилаи шӯхиомез луқмаи зебое партофт Усмонова.
Ин ҳақиқати маҳз ва талх буд, ки ҳарчанд оҳанги шӯхиро дошт, аммо сар то по дард буду бас. Дидам, ки ин ҷумларо Усмонова гуфту оҳ кашид. Дарвоқеъ, ба ҷамъомад ҷамъи кормандони дастгоҳи ҳукумат ва шӯрои занони шаҳр низ таклиф шуда буд. Аммо тавре, ки Усмонова бо дард гуфт...
Ҳақиқатан, Гулафзо Савриддинова моҳирона ба тори дили мо нохун зад, ки ӯ бо ин амалаш на танҳо маро маҳюс кард, балки 80 нафар волидони ҷавон, ки худ ба тарбия ниёз доштанд, аз сӯҳбати аҳли завқу идрок маҳрум сохт. Ва ин ҷамъомади имрӯзаро, ки самараи хуни дил хӯрданҳои ман аст, ба бозиву найранг мубаддал сохт. Ман санаи 13 апрели соли 1996-ро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, ки ба «туфайл»-и маҳз Савриддинова ин санаи таърих дар сафҳаи хотироти ман чун доғу ашк боқӣ мондааст. Ин ҷамъомад сиришки хунини навбатии ман буд. Зеро даҳ рӯз қабл эшон медонистанд, ки, мо тараддуди конфронсро доштем. Чун ба дасташон даҳ рӯз қабл таклифнома расид, чаро худи он рӯз аз дасисаашон моро огоҳ накарданд? Чаро маҳз як рӯз қабл, он ҳам бошад шомгоҳӣ маро ба ҳузураш даъват карда, баъдан огоҳ сохт?
Бо ин ҳама пешомад, эътиқодӣ, ки нисбат ба Савриддинова доштам, ҳанӯз боқӣ буд. Ҳарчанд чунин муносибатро дар ҳақам раво дид, ман боз ҳам аз дидгоҳи самимият ба ӯ нигоҳ кардам. Андеша кардам, ки шояд воқеан аз вилоят монеъи ин кор шудаанд? Шояд. Охир Савриддинова ҳам бо вуҷуди раиси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё