Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

хиҷолатзада дарёфтам. Ростӣ нақшаҳои дилам аз чунин ранг гирифтани кор дигаргун шуд. Зеро дар барнома зикр шуда буд, ки чӣ касоне сухани муқаддимавӣ бояд бигӯянду баъди он чӣ касони дигар дар мавзӯъҳои тарҳрезишуда бояд маърӯза кунанд.

Хуллас, узрамонро дар микрофон гуфтему ҷамъомадро бахшида ба ҷашни Наврӯз эълон кардем. Хушбахтона ин баҳонаи созгор кор доду иштирокчиёни чашм ба роҳ таҳти мусиқии ҳофизи хушовози Исфара Мариз Исроил Файзиддинов ба рақсу шодӣ даромаданд. Айни авҷу тарона буд, кадоме аз берун хабар овард, ки гӯё меҳмонон аз маркази вилоят омадаанд. Касри иштиёқи пешвоз аксарият ба берун тохтанд. Ин ҳангом дидам, ки муаллим Муҳиддин Исроилов ва наворгирандаву ронанда сари хам ба толор даромада омаданд. Исроилов ҳамаро оромкунон ба ҷойҳои нишасташон дубора даъват кард. Ин лаҳза аз ҳар сӯ саволборони ҳозиринро барҷало шунидам.

  • Хайр, домулло Калонзодаро-ку намонданд, дигар олимон-чӣ? Фарзона шоираи халқӣ аст, наход ӯро ҳам намонда бошанд? - бо ин маънӣ саволҳои кунҷковонаи иштирокчиёнро шунида дилам аланга гирифт.

Бояд зикр кунам, ки аз ҳукуматдорони Исфара касеро дар ҷамъомади имрӯза надидам. Ҳарчанд таклифнома бароишон дастрас шуда буд. Ба ҷуз Содиқҷон Рустамов, ки он ҳам бошад, ба фурсати хеле кам омада, як табрики кӯтоҳакак дар микрофон гуфту рафт.

Ин ҳолати пеш омада бароям бадтару сангинтар аз фоҷиа буд. Аз ҳиҷолату ноҳинҷорӣ замин накафид, ки дароям. Аммо хушбахтона, баромадҳои табрикии ректори институти техникӣ З. Абдусатторов, мудири шӯъбаи касалиҳои дарунӣ М. Мавлонов, собиқадори ҳукуматдории шаҳр Шолорхон Аҳмадова, собиқ директори мактаби №5 Зулфия Усмонова ва омӯзгори варзида Низомаддинов маро андак дилгарму рӯҳбаланд сохт. Конфронс ба ҷашни Наврӯз табдил ёфт, аз ростӣ хеле хотирмон гузашт. Дар ин ҷашн хизмати ҷонишини

пешина
аз 385
навбатӣ