Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
табу сӯхтам. Бо вуҷуди ин, аз раъям нагаштам. Самимона тасмим гирифтам, ки ҳар чӣ бодо бод, аз роҳам намегардам. Конфронс бояд баргузор гардад!
3 апрели соли 1996, соати 4-и субҳ. Аз заводи "Кимё"-и шаҳри Исфара қаблан дархост карда будам, мусофиркашони тамғаи "РАФ" ба боғча ҳозир шуд. Аз ҳисоби падари яке аз тарбиятгирандагон-муаллим Исроилов, ки хеле инсони поку нексиришт ва хушбин аст, барои мусофиркашони "РАФ" қаблан 80 литр бензин харида будем.
Ду рӯз пештар тавассути телефон бо устоди донишгоҳ Абдуҳаким Шарипов сӯҳбати телефонӣ анҷом дода будем. Устод Абдуҳаким марди гандумранги мӯйҳои наонқадар ҷингилаи зебо шоназада ва қади миёна дошт. Дар тан ҳамеша шиму костюми шинам дошта, хеле бо фасоҳати том ҳарф мезад. Нуктаҳояш санҷидаву пухта ва хеле ҳакимона ба назар мерасид. Инсони хеле заминӣву фурӯтанест. Зимнан, ӯ ҳангоми сӯҳбат иброз дошт, ки меҳмонони таклифшуда ба ғайр аз домулло Калонзода ҳамагӣ соати 7:00 дар саҳни ректорати донишгоҳ мошинро интизор мешаванд. Тибқи нақша ҳамаро ба мошин савор карда, баъдан ба хонаи Калонзода рафта он касро мегиранд.
Суманак омода, гӯшти гӯсфанди куштаамон муҳарро пухта ошу кабоб дарҷӯш буд.
То соати 10:00 меҳмонон аз шаҳру ноҳияи Исфара аллакай ҳузур дошта буданд. Муаллимони собиқадору пешқадам, афроди худогоҳу худоогоҳ, волидони тарбиятгирандагон ва ғайра аллакай дар садади истиқболи шоистаи меҳмонон буданд. Чун ҳама қаблан аз рӯи таклифнома ва барномаҳо огоҳ буданд, ки инсонҳои бузурге амсоли қозидомулло Калонзодаву профессор Насриддинову шоира Фарзона ва чанде дигарон меоянд, аз ин хотир бесаброна интизорӣ мекашиданд. Духтаракон бо либосҳои атласи наврӯзӣ дар даст гулу нону намак ва омодагиҳои шеърҳои тантанавии идона ва пояндоз дар даромадгоҳ қатор меистоданд. Ниҳоят соат 12:00 шуд. Ҳанӯз аз меҳмонон дараке набуд. Худро ноҳинҷор ва хеле

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё