Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

боғчача конфронс зарур нест. Аммо шумо якравӣ карда ба гапи ман гӯш надодед. Дуввум ин ки ба як даргоҳчаи майдачаяки шумо конфронс ба кӣ лозим? Ё шумо худатонро бо ин кор нағз карда нишон доданӣ? — боз аз пештар оҳанги суханаш тундтар баромад. Чини абрӯяш ҳамоно гирифта буду аз чашмаш ҳувайдо буд, ки ибтикори маро чашми дидан надорад.

Чунон бо ҳарорату сиёсату салобат суханҳои пасту баланд ва хеле тезу тунд гуфт, ки ҳамаи онро дар ин ҷо қатор карда овардан шарт нест. Аммо барои ман на «худнамоишдиҳӣ» гуфтааш алам кард. Балки вожаи «боғчача», «ҷои майдаяк», «конфронсбозӣ»-и таъкид ба таъкид гуфтааш ба мағзи устухонам расид. Дилам танг шуду худро дошта натавонистам.

— Боғчача мегӯед муаллима! Дар ҳамин боғчачаи мегуфтагии шумо зиёда аз 120 нафар тарбият мегиранд, ки ояндаи на фақат шаҳру вилоят, балки ҷумҳурию миллат ҳастанд. Кӣ медонад, шояд дар дохили онҳо беҳтарин профессорону муаллимон, ихтироъкорону сарварони ноҳияву шаҳру шояд ҳукумати кишвар бошанд?! Сониян, ягон конфронси мо ба хотири бозӣ нест, ки шумо конфронсбозӣ унвонаш мекунед. Конфронсе, ки мо мегӯему ба роҳ монданӣ ҳастем, ба манфиати ҳар як иштирокдор ва умуман шунаванраи он аст.

Ман тут мегуфтаму ӯ бед. Хуллас гапамон напухт. Боз бо ашки шашқатор аз дафтари кориаш баромада рафтам. Ҳангоми баромадан ӯ бо садои баланд таъкид дошт, ки ягон конфронс намешавад. Ин аз ҳама олами бештари ман буд.

Хона омадам, худро рӯи диван партофтаму бо тамоми қуввати вуҷудам фарёд зада гиря кардам. Охир, таклифномаҳо ба дасти даъватшавандагон расидааст. Ҳатто дар дасти ҳар як иштирокчӣ барномаи вижаи конфронс буд, ки баромади ҳар як нафар аҳли фарҳангу зиё дақиқ сабт шуда буд.

Шаби дароз хобам набурд. Гоҳ гиря кардаму гоҳ дар худ шӯридам. Наход умри ман ҳамеша бало паси балову муаммо аз паи муаммо бошад. Фишорам баланд шуд. То субҳ дар тобу

пешина
аз 385
навбатӣ