Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.
Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа
мегардид. Ахиран рӯзи 12 апрел, ки охирин рӯзи омодагиву тамрини мо буд, бегоҳии он рӯз аз ҳукумати шаҳр занг зада талаб намуданд, ки ба қабулгоҳи раиси шаҳр Гулафзо Савриддинова ҳозир шавам. Ҳайрон будам, ки чаро ин қадар бемаҳал маро ба ҳукумат даъват карданд. Дар дил гуфтам, ки шояд барои омадани меҳмонони пагоҳина ягон маслиҳат ё кӯмаке мехоҳанд кунанд. Шояд дар корҳои ташкилӣ ёрии амалии ҳукумати шаҳрро расонанд. Бо он ҳама, бо камоли хушбинӣ ва дили кушод ба ҳукумат ҳозир шудам. Зеро медонистам, ки маорифи вилоят агар дар ин кор дахолат карда бошад, ҳукуматдорони Исфара ба таври бояду шояд бо ин ибтикори ман созиш мекарданд.
Боз аммо ва сад аммоҳои афсӯсбори дигар... Лаҳзае, ки ман ба қабулгоҳ ворид шудам, дафтардори қабулгоҳ омирона хоҳиш кард, ки назди раиси шаҳр дароям ва он кас гӯё маро интизор будаанд. Дарҳол пайха кардам, ки на он гунае, ки ман интизордор аз ҳукуматиёни шаҳри Исфара будам, бояд қабулам мекарданд. Аз ин рӯ, дар дилам андак яъс падид шуд. Аммо ин сардии дилро бо табассуми самимона пӯшонида, бо саломи гарм ба дафтари Савриддинова ворид шудам. Ба ҷои он ки ба саломам посух бигирам, чеҳраи турши Савриддинова маро маълум кард, ки равияи ояндаи кор чӣ гуна хоҳад буд.
- Ҳамин ягон сари кори шумо бе ғавғо намегузаштааст-да, - бо ситезаву қабоҳат ва як пичинги махсус ба сухан оғоз кард Савриддинова. - Ҳозир аз ҳукумати вилоят ҷонишини раиси муҳтарам Рофиев занг зада, маро сарзаниш карданд, ки чӣ гуна конфронс будааст гуфта. Ҷанҷолу пофишорӣ карда истодаанд, ки конфронс-понфронс намегузарад ва аз Хуҷанд ягон кас ба Исфара намеравад, - ба рӯям нигоҳ накарда бо ҷабини турш то рафт садояш баланд шуд.
-Наход, роҳбари ҳукумати вилоят аз ташаббуси мо ба ҷои хурсанд шудан, манъ карданд? Охир созмон додани як конфронс чӣ гуноҳе доштааст? -нобоварона дар тааҷҷуб монда пурсидам.
-Аввал ин ки ман ба шумо пешакӣ гуфта будам, ки дар як

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё