Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҷумла қозидомулло Калонзода, профессор Абдуманон Насриддинов, шоира Фарзона, Матлубаи Мирзоюнус ва дигар афроди огоҳу фарҳангии вилоят аз рӯи ин таклифнома дар конфронс иштирок варзанд. Аз ҳисоби маблағҳои шахсиам таклифномаҳоро тартиб дода, ба нашриёти ба номи Раҳим Ҷалил супоридем.

Бо номзади илм аз паи омодагиҳо будаму дилам моломоли фараҳ гардид. Зеро орзуи деринаи ман ҷомаи амал бояд бипӯшад. Аммо бехабар аз он ки чархи фалак гардишҳои махсуси худро доштааст, ки ба орзуву омоли мо коре надоштааст.

Таклифномаҳоро аз нашриёт гирифтаму ба суроғаҳои зарурии қаблан пешбинишуда расонидам. Аз забони ҳар яке эшон низ хуб будани ин амали пешгирифтаро шунида, ваъдаи ба Исфара ташрифи эшонро шунидам. Дилам пур буд, ки бо дастгирии маорифи вилоят меҳмонони нурчашмии ман ширкат меварзанд. Дар ин зимн аз шаҳри Исфара ба хотири иззати меҳмонони вилоятӣ волидони кӯдакон, аҳли маҳаллаи гирду атрофи кӯдакистон, пирони хираду рӯзгордида, имомони масоҷид, шайх-ул-уламоҳои дини ноҳия, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, ва муаллимони пешқадаму собиқадорро низ таклиф кардам. Ҷамъулҷамъ 120 нафар аз рӯи таклифнома ва дигарон ба конфронси наврӯзӣ даъват шуданд.

Омодагӣ дар кӯдакистон умуман ранги дигар дошт. Ман дар тараддуди ба саҳна гузоштани нақшҳои Хоҷа Камоли Хуҷандӣ ва дигар саҳначаҳои тарбиявӣ-ахлоқӣ шудам. Нақшҳо асосан аз ҳисоби худи кӯдакону мураббиягон таъсис ёфт. Дар нақши Камоли Хуҷандӣ бошад, яке аз волидони тарбиятгирандагон, муаллими хизматнишондодаи соҳаи адабиёт Низомаддинов бо хоҳиши ман бояд нақш иҷро мекард.

Дар кӯдакистон то поси шаб машқу тамрин кардем. Зеро яқин бовар доштам, ки конфронси ормонии ман барпо мегардад. Ҳатто дар хона кори пухтану шустан ва дигар корҳои маъмулии зани тоҷикро фаромӯш кардам.

Ногуфта намонад, ки конфронс бояд рӯзи 13 апрел баргузор

пешина
аз 385
навбатӣ