Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Бо чунин дору надор аз кор ҳар қадар, ки дилсардтар мешудам, боз рӯҳияи адолатпарастии ман болотар гирифта, маро аз ботинам чизе маҷбур мекард, ки аз ин роҳам барнагадам. Боз таъмирҳои иловагиву тозакориҳои саҳни ҳавлии кӯдаккистон ва гулу гулкории муҳити кӯдаккистон то ба моҳи марти соли 1996 тӯл кашид. Аммо ҳамоно даву този ман барои баргузор кардани конфронси илмӣ идома дошту рӯз то рӯз маълум буд, ки барои баргузории он иҷозат намедиҳанд.

10 марти соли 1996. Субҳ ба маорифи вилоят рафтам. Аз мушкилоти пешомада ба Анвар Ҷалилов иттилоъ додам. Ӯ китф дарҳам кашиду ҳайрон шуд, ки чаро дар Исфара ба ин кори хайр садди сунъӣ мегузоранд. Ба раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд тамос гирифту хоҳиш кард, ки барои тартиб додани лоиҳаи конфронс ба ман кӯмак намоянд. Ман ҳайрон будам, ки ҳанӯз иҷозат несту Ҷалилов бошад тавассути телефон аз проректори ДДХ Мақсудҷон Иномов дархост кард, ки нақшаи кории конфронсро ба ҳамроҳии ман таҳия созанд. Ман ҳайратзада ба сӯҳбати телефонии Ҷалилов назар медӯхтам, ӯ ин дам гӯшии телефонро ба ҷояш гузошту:

-Исомаддинова, шумо худро азоб надиҳед. Конфронс баргузор мегардад. Инро ман ба шумо ваъда медиҳам,- дилсӯзона бароям таъкид дошт.

Бо дили хурсанд аз идораи маорифи вилоят ба раёсати донишгоҳ рафтам. Он ҷо аллакай проректори донишгоҳ Мақсудҷон Иномов маро мунтазир буд. Ба дафтари кории Иномов даромадаму баъди салому алейк ӯро танҳо надидам. Дар ҳузураш устоди донишгоҳ, номзади илми таърих Ҳ.Шарифов меистод. Бо супориши Иномов бояд, ки Шарифов бо ман нақшаи кори конфронсро таҳия мекард. Аз ин рӯ, минбаъд ба машғулиятҳои омодагӣ ба конфронс ва тарзи тартиб додани нақша номзади илмҳои таърих бояд ба ман кӯмак мекард.

Ҳамроҳи Шарифов нақшаи кориро дар бадали якчанд рӯз бори дигар бо тартиб омода сохтем. Тибқи ин барнома бояд афроди маъруф ва аҳли фарҳангу зиёи вилоят даъват мешуд.

пешина
аз 385
навбатӣ