Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Ба ёдам матлабе омад, ки маро хеле андӯҳгин сохт. Падари Гулафзо амаки Савриддин яке аз ҳаводорон ва шогирдони падарам буду бо падараш равуои оилавӣ хуб доштанд. Ман ба Савриддинова эътиқоди хос доштам. Дар ҳама корҳо ӯро муттако ҳисобида, бо дили пур ба кор шурӯъ менамудам.

Ҳар бор аз кӯдакӣ ба чеҳраи Гулафзо Савриддинова назар карда, мепиндоштам, ки аз ӯ дида зани зебо, боодобу хушрафтор ва маслиҳатгари хубе нест. Аммо инак, ман дар ҳузури он духтари хоксору хушахлоқе, ки қаблан дӯсташ медоштаму ба ӯ эҳтирому қоил будам, истодааму ӯ бо ҳисси интиқом ба чашмам нигоҳашро медӯзад.

Эҳ дунёи булъаҷаб, аҷаб гирумоне доштаӣ. Дар як они воҳид курсӣ инсонро тамоман дигар мекардааст. Ин сабили курсӣ ҳатто дирӯзро ба ёдат овардан намехоҳад, аз ёдат қадршиносиву эҳтироми нону намакиро мебурдааст. Шояд хато кунам, аммо аслан вожаи мансабро он вақт ман бо ҳамин гуна сифат дарёфтам.

Дидам, ки нашуд, маҷбур аз кӯдакиву эҳтироми қаблии оилаамон бароиш гуфтам, то дилаш андак аз кинаву кудурат дур шаваду шояд ба конфронс ризоият диҳад. Аммо аллакай ӯ на он Гулафзое буд, ки қаблан эҳтироми хоҳарона доштам. Ӯ низ куллан тағйир ёфта буд. Ҳарчанд тақозо кардам, аммо қабул надошт.

Бо ҳамин ба қавли мардум гапамон напухту ман аз дафтари кориаш баромада рафтам. Умедам барбод шуд. Раҳораҳ ба худ печидам, дилам фишор хӯрд. Вақтҳои охир пайхас кардам, ки ҳар гоҳе асабам ноором бошад, ҳар гоҳе зиқ шавам, дилам ба дард меомаду фишори хунам гоҳ пасту гоҳ баланд мешуд. Ба саломатиам диққат надода, дар сарам фикрҳои дарҳаму барҳам печидан гирифтанд. Аз чашмам ашк беист ҷорӣ шудан гирифт.

Ба баъзе аз роҳбарони ҳукумат, ки воқеан дилсӯз буданд, гирумони ахири раиси шаҳрро бозгӯ намуда, маслиҳат хостам. Аммо ҳамагӣ онҳо низ бечоранолӣ мекарданд ва заъфи худро зоҳир сохта иброз доштанд, ки муқобили хостаҳои раиси шаҳр баромадан, бо думи шер бозӣ кардан аст.

пешина
аз 385
навбатӣ