Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

хеле аз ман дилмонда буд. Зеро маълум шуд, ки аз раиси вилоят Абдуҷалил Ҳомидов гӯшмоли сахт шунидааст. Аз ин рӯ, ҳангоми қабули ман ҳатто ба рӯям нигоҳ накард.

-Ҳа ин бор дархости шумо чист? -азбаски озурдагӣ ва ё шодии чеҳраи сиёсатмадоронро ташхис додан мушкил аст, Савриддинова низ гӯё ҳеҷ воқеа нашуда бошад, бо як нодонии чолокона суол ба миён гузошт.

Ман, ки чунин ранг гирифтани корро мунтазир набудам, худамро андак гум кардам. Дарҳол фаҳмидам, ки аз сафедор талаб кардани хурмо амали аҳмақист. Бо ҳеҷ ваҷҳ Савриддинова розӣ намешавад, ки ман конфронси илмӣ гузаронам. Бо вуҷуди чунин муомилаи сардаш дархостномаи хаттӣ пешаш гузоштаму иловатан пурсон шудам, ки барои гузаронидани конфронси илмӣ иҷозат бидиҳад.

-Кӯдакистон худаш чӣ хел ҷо аст, ки конфронси илмӣ гузаронида шавад?- аз пештар сардтару бемеҳртар садояш ба гӯш расид, ки оҳанги писхандро дошт. -Шумо як фикр кунед, охир кӯдакистон университет нест-ку, -Савриддинова як навъ хост чунин тақозои маро аблаҳона намоиш диҳад. Аз чеҳрааш ҳувайдо буд, ки ҳанӯз дар дилаш кинаву адоват қоим аст. Ӯ аз нафароне набуд, ки ҳамаро бахшида тавонаду гузашт кунад. Аз барқи чашмонаш ҳисси интиқом шӯлавар буд.

Чӣ, кӯдакистон магар хонаи кӯру кар ё макони девонагон аст, ки барои гузаронидани конфронси илмӣ лоиқ нест?-ин андешаҳо аз хаёлам барқвор гузашту баъди андак хомӯшӣ ба сухан даромадам.

-Ин айни муддаост, ки бояд тарбияи миллӣ аз кӯдакистон оғоз ёбад, бигзор мардуми он маҳалла, волидони кӯдакон, мураббиягон дар ин конфронс ширкат варзанд, то бояд бидонанд, ки тарбияи кӯдак чӣ гуна мешавад, - бо як сабру мулоимӣ ва хоҳиш талабамро қотеъона пеш гузоштам.

• -Не, намешавад,- ба дархости хаттиам эътибор ҳам зоҳир накард. Аз нигоҳаш як навъ кароҳатро эҳсос кардам, ки намедонист аз ман чӣ гуна қасос бигирад. Гумон кардам, ки ба хаёлаш аз ман дида чеҳраи зишттаре нест.

пешина
аз 385
навбатӣ