Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

-Ана ин кори дигар,-Мақсудов қоил шуда, ба гирду атроф назар дӯхт.

Дар ҳузури эшон кори дафтардории кӯдакистонро расман қабул кардам.

Инак ба кор шурӯъ кардаму ба сарам зад, ки ман бояд дар ин кӯдакистон аз рӯи ормону ҳаваси худ, аз рӯи дастуроти "Хишти аввал" ва "Нури одамият" бояд тарбияро ба роҳ монам. Аз ин рӯ номи қаблии ин кӯдакистон, ки "8-март" буд, тасмим гирифтам, ки номи кӯдакистонро кӯдакистони миллии "Нури саодат" номгузорӣ намоям. Тасмимамро ба Парпиеву Рустамов рӯшан кардам. Эшон бо хубӣ пазируфтанд. Ва маро гӯшрас карданд, ки тибқи қавоиди марбута бояд ризоияти ҳукумати шаҳр дар ин маврид гирифта шавад.

Аз миён чанд рӯзи дигар гузашту дар сар фикру нақшаи чӣ гуна конфронси илмӣ барпо карданро кашидам. Шаб ба хона омада, ба ҷои он ки кори хонаву дарро ба сомон расонам, ба рӯи мизи пури коғазу қалам парӯ мешудаму менавиштам. Бо қасди дарёфти ризоии ҳукумати шаҳр барои табдили номи кӯдакистон пурсон шудам. Он ҷо чанд рӯз кашолкорӣ намуданду аввал розӣ нашуданд. Ман исроркорона талаб кардам, ки ҳатман ном табдил карда шавад. Аввал чанд баҳонаи дигар пеш оварданд. Дар охир розӣ шуданд, аммо тақозо карданд, ки аз ин номгузорӣ танҳо сифати миллӣ гирифта партофта шавад. Аз рӯи хоҳиши масъулини ҳукумати шаҳр "Кӯдакистони миллии Нури саодат" неву соддаякак "Кӯдакистони Нури саодат" бояд бишавад.

Барои маҳз миллӣ кунонидани номгузории кӯдакистон талоши зиёд кардам, аммо кӯшишам бесамар монд. Ҳарчанд дарун-дарун сӯхтам, аммо шарти ҳукуматдоронро пазируфтам.

Инак, масъалаи муҳимтарин пеши ман меистод. Бояд ризоии ҳукумати шаҳрро мегирифтам, ки ба гузаронидани конфронси илмӣ иҷозат бидиҳад ва ҳамзамон мусоидат намояд. Бо чунин дархост ба қабули шаҳрдорхонум Гулафзо Савриддинова даромадам. Ин бори аввалин вохӯрии ману Савриддинова буд, ки баъди фармони маро баровардан, ӯ

пешина
аз 385
навбатӣ