Зеҳн
Сиришки хунин

Китоби мазкур маҷмӯи ашъори шоира буда, эҷодиёти ӯро дар бар мегирад. Шеърҳои китоб аз эҳсосоти дарунӣ ва андешаҳои шахсии муаллиф ҳикоят мекунанд.

Агенти Зеҳнӣ · 31 октябри 2026 · 385 саҳифа

ШеърАдабиёт
Аз аввал хондан

Трактор партов баровардем. Ақли кас намегирад, ки дар чунин як кӯдакистони кӯчак наход 19 притсеп партову ифлосиҳо бошад. Оре, азбаски девори кӯдакистон аз як тараф симин буд, сокинони маҳаллаи гирду атроф беибову иштибоҳ ифлосиҳошонро шабона ба даруни ҳавлии кӯдакистон ҳаво медоданд. Ба замми ин, аз як ҷониби боғчаи бачагон мазори кӯҳнае буд, ки мардум поси хотири арвоҳи гузаштагонро ҳам ба ҷо наоварда, ба ҷои он ки ин макони муқаддас ҷои тиловату қуръону дуо ба арвоҳи аҷдодонро пок доранд, баръакс беистиҳола партови маҳаллӣ партофта мешуд. Аз ҳама қадриношиносӣ ҳамин чиз буд, ки барои ман беасар набуд. Аз пирони рӯзгордидаи маҳал низ фаҳмидам, ки дар гузашта ҷои кӯдакистон макони муқаддасу мазори азизони Худованд будааст. Аз ин рӯ, бо тамоми ҳиммату икром тозагиро ба ҷой овардем.

Дару тирезаҳо низ ба худ ранги тоза гирифтанд. Фаршҳои пӯсида қисман тармиму таъмир гаштанд. Аз таҳхона, ки қубури ташноб убур мекард, то ҳадди имкон таъмир шуд. Хуллас тӯли ду ҳафта кори ман ба ҷои тарбия поккорӣ шуд.

Расо аз миён ду ҳафта гузашт. Аз сари нав раиси иттифоқи касабаи маориф Мақсудов ва Бобохон Парпиевро даъват кардам, то чун ваъда дар ҳузури эшон корро қабул кунам.

Бо маҳзи дарёфти даъвати ман ҳар дуи онҳо рӯзи муқарраршуда омаданд. Аз ростӣ ман як чизро мунтазир набудам. Онҳо омаданду даҳонашонро кушода монданд. Ба фикрам гумон надоштанд, ки кӯдакистон то ба ин ҳад зебову дилкаш мегардад.

  • Муаллима, шумо моро ба фикрам ба дигар кӯдакистон овардед, - бо шӯхӣ пурсид Парпиев.

Воқеан онҳо аз ин ибтикор ҳайратзада шуданд. Тамоми ҷо куллан тағйир ёфта буд. Ин на он кӯдакистоне буд, ки ду ҳафта қабл буд. Рӯи ҳавлӣ аз алафҳои бегонаи худрӯ тоза шуд. Шохаҳои дарахтон тоза карда, аз миён поёнашон бо оҳак сафед гардид, ки ба чашми бинанда на кӯдакистон, балки боғи фарогатиеро мемонд.

пешина
аз 385
навбатӣ